17 декабри соли 2020 бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Абдулаҳад Хоҷазода-директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин, намояндагони бахши кишоварзӣ, идораҳои дахлдор ва сохторҳои дигари марбута дар доираи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии зерҳадафи лоиҳа - ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод 23 трактори нави тамғаи МТЗ 82.1, комбайни ғалладарав, 80 мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла испор, ядак (прицеп), култиватор, алафтойкунак, ғаллакубак, алафдараваки тракторӣ, дорупошпки роторӣ, сихмола (дандонадор), картошкашинонак ва картошкаканак дода шуд. Мақсад аз иқдоми мазкур бо техника ва мошинолоти нави кишоварзӣ таъмин кардани аҳолии деҳот ва ба ин васила қонеъ гардондани эҳтиёҷоти кишоварзон мебошад.
Зиёзода Сулаймон, вазири кишоварзӣ, иброз дошт, ки сатҳу сифати кишт ва натиҷаи заҳмати деҳқон аз ҳолати техника вобастагии калон дорад. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо техникаю мошинолоти муосири кишоварзӣ дастрасӣ ёфта, мушкилии чандсола аз байн бардошта мешавад. - Техникаҳо барои корҳои саҳроӣ ёрӣ расонда, ба рушди чорводорӣ мусоидат менамоянд.
Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» дар 7 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ - Деваштич, Шаҳристон, Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Рашт ва Тоҷикобод амалӣ мешавад, ки ҳадафи он мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ барои истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманди деҳот мебошад, - иброз намуд Абдулаҳад Хоҷазода, директори муассиса.
Лоиҳа 161 деҳаро фаро гирифта, пеш аз ҳама, барои аҳолии ниёзманди деҳот, ки мехоҳанд ба фаъолияти тиҷоратии кишоварзӣ машғул шаванд, манфиатовар аст.
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои амалӣ гардидани барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла рушди кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ, заминаи боэътимод мегузорад. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳли ҷомеаи мамлакат пайваста таъкид менамоянд, маблағҳои сармоягузорӣ бояд дар сатҳу сифати баланд ва ба нафъи аҳолии деҳот истифода шаванд. Ин имконият фароҳам меорад, ки инфрасохтори кишоварзии минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон