Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2020

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои  даврони Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ин давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро дорад.

Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи тараққиётро муайян кард ва дар он қадамҳои устувор ниҳод.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, имкон фароҳам сохт, ки қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Суруд ва Нишон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар муваффақиятҳои беназир ба даст оянд.

 

Бо истифода аз фурсати мувофиқ ба Шумо умри дароз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, хонаи обод ва рӯзгори босаодат таманно карда, орзу менамоем, ки Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сароғози комёбию муваффақиятҳои наватон гардад!

Илова кунед: