Ҷиҳати таъмини иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 12 октябри соли 2020, №28/5-38 бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди «Бозори Саховат», Боғи «Куруши Кабир», бозори «Меҳргон», маҳаллаи «Қарияи боло», «Бозори Ховарон» - и шаҳри Душанбе Ярмарка – фурӯши маҳсулотҳои ниёзи аввалияи мардум ташкил ва гузаронида шуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки маҳсулотҳои дар ярмарка-фурӯшҳои мазкур пешниҳодгардида тару тоза буда, нархҳои он нисбат ба бозор арзон мебошад.
Ба кулли шаҳрвандони кишвар расонида мешавад, ки то моҳи январи соли ҷорӣ чунин ярмаркаҳо идома дошта, онҳо метавонанд маҳсулотҳои лозимаи худро аз қабили: гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ, тухм, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, шалғам помидор, бодиринг, булғорӣ, биринҷ, равғани пахта, орд, гандум, шир, шакар, нок, себ, лимӯ, нахуд, лубиё, мош ва асал бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ.