Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тавзеҳот ва бардоштҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, мақоми олии қонунбарори кишвар, 26 январи соли 2021 дар Кохи Сомон ироа гардид

28.01.2021
Дар низоми давлатдории муосири тоҷикон Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун хуҷҷати барномавии сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва дорои афзалиятҳои давлатдории миллӣ шинохта шудааст. Аз ҳамин дидгоҳ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки моҳиятан дастури сабақомӯз ва ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон аст, мардуми шарафманди тоҷикро вориди боз як марҳалаи нави рушд хоҳад кард
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, мақоми олии қонунбарори кишвар, ки 26 январи  соли 2021 дар Кохи Сомон ироа гардид, баёнгари воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон ва аз ҷониби дигар барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.
Сарвари давлат қайд карданд, ки: “имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад”. Пайомадҳои пандемия ба ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва бознигарӣ ва ворид намудани тағйиротҳои дахлдори хароҷоти пешбининашудаи буҷети давлатӣ барои соли 2020 иборат буд. Дар баробари ин дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо самтҳои асосие буданд, ки коҳиш додани таъсири пандемияро Ҳукумати ҷумҳурӣ дар дохил муваффақ гардид.
Тавре, ки Президенти кишвар таъкид доштанд, “бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуда, таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин ва дараҷаи  сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусбат нигоҳ дошта шуданд”.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, дар ин давра 8,8  фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли кишоварзӣ мусоидат намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо омодагиро ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшем, яъне бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ боз ҳам бештар талош намоем. Таъкид ва изҳороте, ки Директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқа дар ҷаласаи вижаи умумии СММ бахшида ба мубориза бо COVID-19 Дэвид Бисли, дар он хусус, ки  соли 2021 дунё ба вазнинтарин буҳрони гуманитарӣ дар 75 соли охир дучор хоҳад омад, ин нуқтаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз соли 2012 дар он давра таъкид намуда, мардумро барои захира намудани 2 солаи ғизо ояндабинӣ намуда буданд.
Дар ҳақиқат, тибқи таъкиди Пешвои миллат соли 2020 ҳамчунин, бо рӯйдодҳои басо муҳимму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид. Љашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Ҳамчунин иштироки фаъолонаи халқи азизамон дар ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардидани он, нишонаи оромии давлат ва азму суботи миллати куҳанбунёди мо мебошад.
Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ки шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад, таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон саривақтӣ ва бисёр муҳим мебошад.
Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба мо – кишоварзон илҳоми тоза бахшида, масъулияти моро беш аз пеш даҳчанд намуд. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат кор дар самти ҷудо намудани имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд. Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми се соли охир 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Махсусан, зиёд гардидани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ва афзудани истеҳсоли гӯшти паранда ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.
Тамоми мардуми шарафманди тоҷик шоҳиданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомоти неки Пешвои миллат мавқеи кишоварзӣ зина ба зина боло рафта, соҳаи моҳипарварӣ ба яке аз соҳаҳои муҳим  табдилу таҳким ёфт. Масалан, имтиёзҳои барои рушди моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшида, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзуд. Зиёда аз 60 баробар коҳиш ёфтани воридоти гушт ва 3 баробар коҳиш ёфтани воридоти гушти паранда дар се соли охир ин натиҷаи имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои зикршуда мебошад.
Муҳтарам Пешвои миллат самтҳои кишоварзиро таҳлил намуда, иброз доштанд, ки “аз ин пас низ бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд”.
Фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худиро дар бозорҳои ҷумҳурӣ, Пешвои муаззами миллат дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат ва заҳмати софдилонаи кишоварзон арзёбӣ намуданд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ нисбати соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд гардидааст.
Маблағгузории лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаи дигари амалишаванда имконият фароҳам овард, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла майдони боғу токзори кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 112 ҳазор гектар токзори навро ташкил дода, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши муҳимро бозад. Бо ин мақсад, минбаъд  бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта бунёди боғҳои интенсивӣ бояд таъмин карда шавад. Пешвои муаззами миллат ироа намуданд, ки “дар робита ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд”.
Дар қатори дигар имтиёзҳои кишоварзӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони ҷумҳуриро беҳад рӯҳбаланд намуд. Пешвои миллат дар суханрониашон ироа намуда гуфтанд, “пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.” Агарчанде маблағи солонаи он беш аз 200 млн. сомониро ташкил медиҳад, ин ҳам як дастгирии беғаразона,имтиёз ва муҳаббати самимии Пешвои миллат ба кишоварзони ҷумҳурӣ буд.
Ҳамзамон ба вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш доданд, ки вобаста ба ин масъала чораҷӯи намоянд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Пешвои миллат дар Паёмашон вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карданд, ки ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва тадбирҳои фаврӣ андешанд. Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон Пешвои миллат зарур шумориданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад то ин, ки мо онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Ҳадафи роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, ҳадафҳои муҳимтарини мо кишоварзон ба ҳисоб рафта, моро вазифадор месозанд, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати Дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзиро тибқи нақшаи пешбинишуда таъмин намоем. Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо обод намудани Ватани азизамон ва барои истеҳсол намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем ва Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки дар раванди созандагии мамлакат бо дастгирии беғаразонаи Пешвои муаззами миллат шарик ва саҳмгузор бошем.
Бо итминон метавон гуфт, ки кишоварзони ҷумҳурӣ бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонанд иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, дар ҳифзи амнияти озуқаворї саҳми босазои худро гузоранд.
 
Солиев Шамсиддин Толибович - номзади илмҳои кишоварзӣ, Муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзӣ.

Илова кунед: