Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ТЕХНИКА ВА МОШИНОЛОТИ КИШОВАРЗӢ

12.08.2020

Бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дар мӯҳлати хуби агротехникӣ гузаронидани кишти такрорӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.08.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ 27537 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз он 1709 адад трактори шудгоркунанда мебошад. Инчунин 1057 адад комбайни ғалладарав, 8996 адад ядаки тракторӣ, 9995 адад испори тракторӣ, 322 адад култиваторҳо, 2343 адад тухмипошакҳо, аз он: 1908 адад тухмипошаки пахта, 1332 адад достҳои такторӣ (косилка), 707 адад тойбанду-тагрезчин, 161 адад комбайни хӯроки чорвоғундор, 18 адад комбайни ҷуворимаккағундор, 397 адад картошкаканакҳо, 154 адад картошкашинонакҳо, 63 мошини пахтачин ва 218 адад алафҷамъкунакҳо мавҷуд мебошанд, ки дар корҳои саҳроӣ истифода гардида истодааст.
Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки тибқи маълумоти фаврӣ ҷиҳати расонидани кӯмакӣ амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти гузаронидани кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар 7 моҳи соли 2020 ҳамагӣ 664 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ - 259 адад тракторҳо, 1057 адад комбайни ғалладаравӣ, 3 адад ядаки тракторӣ, 3 адад мошини алафдаравӣ, 52 адад кулухмайдакунак (фреза), 120 адад испори тракторӣ, 48 адад тойбанду-тагрезчин, 29 адад алафдаравакҳо, 7 адад дорупошакҳо, 2 адад пармакунак, 18 адад гандумкӯбак, 3 адад дискмола, 3 адад ҷуяккашак. Техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ – Экскаватор 37 адад, боркунак (погрузчик) 40 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 9 адад ворид гардидаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамос:235 39 23

Илова кунед: