Дар рушди соҳаи кишоварзӣ арзишнокии ҳар як зироати парваришшавандаро дар ин ё он маҳал даромади софи аз маҳсулоти он ба даст омада муайян мекунад, ки аз омилҳои гуногун ба монанди мутобиқати зироат ба шароити маҳал, риояи дурусти саривақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, ҳосилнокӣ, сифати ҳосил, навъҳои ба талаботи бозор ҷавобгӯ ва ғайра вобаста аст.
Боғдорӣ як бахши муҳими кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва сабади истеъмолӣ мавқеи худро дорад. Чунки меваҷот дар баробари маводи ғизоӣ будан, инчунин маводи табобати низ мебошад. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 меъёри солонаи физиологии меваю ангур дар як сол 124,1 кг муайян карда шудааст. Барои таъмин намудани сабади истеъмолӣ бо миқдори муайяншуда, дар айни замон зиёда аз 1 150 000 тонна меваю ангур лозим аст. Вобаста ба афзоиши аҳолӣ ин рақам ҳар сол зиёд мегардад. Вале ба ҳоалти 1.01.2020 дар соли 2019 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ҳамагӣ 716224,3 тонна аз он 473757 тонна мева ва 247167,3 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки ин тақрибан 60,94% - и меъёри физиологиро ташкил мекунад.
Бояд зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1.01.2020 наздики 200 000 гектар боғу ток аз он ҷумла 160533,4 гектар боғ ва 38570,4 гектар токзор мавҷуд аст, ки мутаносибан 107544,4 ва 33750,1 ҳосилдиҳанда мебошанд. Ҳосилнокии миёнаи дарахтони мевадиҳанда ба 44,1 сентнер / гектар ва токзор 73,2 с/га баробар аст, ки ин талаботи рӯзро қонеъ гардонида наметавонад.
Бояд хотирассон кард, ки ба вуҷуд овардани тагпайвандҳои нашвӣ ва навъҳои суприи себ солҳои 60-уми асри гузашта типпи нави боғҳо – интенсивӣ-суперинтенсивӣ ва суперсуперинтенсивӣ таҳрезӣ карда шуд, ки ҳосилнокӣ ва сифати меваи ин боғҳо аз боғҳои эксинтенсивӣ бо кулли фарқ мекунад.
Омӯзиши тагпайвандҳои нашвӣ ва боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ аз солҳои 70-уми асри гузашта дар ҷумҳурии мо аз тарафи олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ оғоз гардида буд. Дар натиҷаи омӯзиш маълум гардид, ки тагпайванди ММ-106 ба шароити минтақаҳои боғдории ҷумҳурӣ мутобиқ аст ва дар ҳамин тагпайванд 10-ҳо ҳазор гектар боғи интенсивӣ бо нақшаи 5х5, 5х4, 5х3 м бунёд гардид, ки дар 1 гектар аз 400 то 660 бех ниҳол ҷойгир карда мешуд. Ҳосилнокии аз ин боғҳо дар қитъаҳои таҷрибавӣ то 30-35-ро ташкил медод. Махсусан дар собиқ Хоҷагиҳои Чормағзаки имрӯзаи шаҳри Вахдат, 50-солагии ноҳияи Рашт, Себзори ноҳияи Тоҷикобод, Фахрободи ноҳияи ХуросонМағедори шаҳри Панҷакент ва ғайра.
Дар солҳои охир боғпарварон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба бунёди боғҳои суперинтенсивӣ шуруъ намуданд ва фоидаи зиёдеро низ ба даст овардаанд. Бунёди боғҳои суперинтенсивӣ ва гирифтани ҳосили ғайримуқаррарӣ ин саҳифаи нав дар соҳаи боғпарварӣ ба шумор меравад.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти умумиҷаҳонии савдо аъзо аст, маҳсули боғдорӣ дар шакли меваи тару тоза, хушк ва маҳсулоти коркарди саноатӣ ба бозори беруна бароварда шуда истодааст. Моро зарур аст, ки бояд ҳатман ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ гузарем.
Самаранокии боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ баланд буда, афзалиятҳои зеринро дар бар мегиранд:
-ниҳолҳо дар тагпайвандҳои қадпасту миёнақад хусусияти барвақтар шуруъ намудан ба ҳосилбандӣ доранд;
-меҳнати дастӣ барои шакл додану сарборӣ намудан ва ҷамъоварии ҳосил осон мебошад (бо сабаби паст будани қади дарахтон);
-моддаҳои ғизоӣ бештар барои ташаккулёбии меваҳо (на барои сабзиши шоху навдаҳо) сарф мегардад;
-ҳаҷми хурди дарахтон имконият медиҳад, ки дар воҳиди майдон шумораи бештари дарахтонро ҷой намуда ҳосили зиёд ба даст орем;
-дар байни қаторҳои дарахтони қадпаст гузаронидани корҳои агротехникӣ мушкил набуда, имконияти бо осонӣ коркард намудани дарахтон бо заҳрдоруҳо мавҷуд аст;
-меваи ин гуна боғҳо сифати баланди молӣ дошта, ҳаҷман калон, намуди зоҳириашон зебо ва дорои зиёди моддаҳои ғизоӣ мебошанд.
Аз ин маълумотҳо бармеояд, ки бо истифода аз тагпайвандҳои қадпаст (карликовые) ва шинонидани дарахтон бо нақшаи зич, маҳсулнокии боғҳоро якчанд маротиба зиёд намудан мумкин аст.
Чунин боғҳо камбудии худро низ доранд. Камбудии асосии онҳо дар патакреша будани решаи онҳо (тагпайвандҳои нашвии қадпаст хусусияти патакрешагӣ доранд) мебошад, ки барои нигоҳ доштани дарахтон такягоҳи иловагиро талаб менамояд.
Барои устувор нигоҳ доштани дарахтон дар боғ, алалхусус дар аёми ҳосилбандӣ бо истифода аз сутунҳои бетонӣ ва кашидани симҳо бо бастани навдаҳои дарахтон дар ин симҳо чорабиниҳои ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Сутунҳои бетониро дар ҳар як 8 м, дар қатор ҷойгир менамоянд.
Муҳлати истифодабарии боғҳои суперинтенсивӣ 13-15 сол буда, ҳосилнокиашон то 70 тоннна аст.
Сари вақт гузаронидани шаклдиҳӣ, мунтазам гузаронидани ягонакунии меваҳо ва шохабурии сабзи тобистона омили асосии баланд гардидани самаранокии ин гуна боғҳо мебошад.
Қисмати асосии решаи тагпайвандҳои нашвии қадпаст дар сатҳи болоии хок дар чуқурии 40 – 80 см ҷойгир мешавад, ки талаботи зиёд ба ғизонокӣ ва намнокии хокро доранд. Дар заминҳои лалмӣ ва шартан обёришаванда бунёди боғҳои интенсивӣ дар тагпайвандҳои нашвии қадпаст ғайриимкон буда, танҳо бо истифода аз обёри қатрагӣ ба роҳ монда мешавад. Чунин усули обёрӣ (обёрии қатрагӣ) дар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ васеъ истифода гардида истодааст. Бо истифодаи ин усули обёрӣ об дар манбаъ ғизонок карда шуда ба дарахтон интиқол дода мешавад.
Боғҳои суперинтенсивӣ бо нақшаи зичи ҷойгиршавии дарахтон ба роҳ монда мешавад (4,0 х 1,2м; 4,0 х 1,0м; 4,0 х 0,8м; 4,0 х 0,5м ва 3,0 х 1,0; 3,0 х 0,8м; 3,0 х 0,5м). Дар 1 гектар замин аз 2083 то 6666 ниҳол истифода мегардад, ки ҳосилнокӣ дар давраи пурраи ҳосилбандӣ аз 25-30 то ба 60-70 тонна мерасад.
Бо назардошти он, ки солҳои охир навъҳои зиёд ба ҷумҳурӣ ворид шуда истодааст, ҳангоми бунёди боғҳои замонавии интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бояд тарзи ҳосилбандии навъҳоро низ, ба ҳисоб гирифт, чунки ин барои тартиб додани нақшаи шинонидани боғ ва шохабурӣ зарур аст.
Мисол; навъҳои себ аз руйи ҳосилбанди ба чор тип ҷудо карда мешавад. – типи супурӣ, узвҳои ҳосилдиҳанда дар асоси шохҳо ҷойгиранд («Стар Кримсон», «Ред Ҷиф», «Ред Кап», «Ред Апке», «Ёрли Реу Уан» ва ғайра.)
- типи Рен де Ренет- шохи мевадиҳанда кушода аст. Узвҳои ҳосилдиҳанда дар шохаҳои 2 ва 5 сола ҷойгир аст.
- типи Голден Делишес – шохаронии зиёд дорад, узвҳои ҳосил дар нуги навдаҳои 1-3 сола ҷойгир аст.(клонҳои навъи «Голден», «Гала», «Айдаред», «Ренет Симеренко», «Бореберн», «Элстар», «Джоноголд» ва ғайра).
-типи «Грани Смит»- узвҳои ҳосил дар нуги навдаҳои 1-2 сола ҷойгиранд («Грани Смит», «Флорина», «Фуджи», «Интерпрайс» ва ғайра).
Дар мавриди риоя намудани тавсияҳои пешниҳодшуда, боғпарварон метавонанд аз боғоти худ ҳосили баланд ва маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯро истеҳсол намоянд.
Зокирова М.
Сармутиахассиси шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон