Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тут ва намудҳои он

13.05.2022

           Бисёр растани ҳое, ки ба ин оила дохил мешаванд, растаниҳои фоиданок ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим ин тараф парвариш карда мешаванд. Яке аз маъмултарин намояндаи ин оила тут мебошад. Тут дарахти хазонрез буда, дар мамлакатамон ду намуди он: тути сафед ва сиёҳ (шоҳтут) бештар маъмуланд. Ҳар ду намуди тут дарахти як ё духонагӣ буда, шакли баргҳояшон гуногун мебошад.

          Аз хӯшагули гӯшворакшакли он ғуҷуммева пайдо мешавад. Дар айни замон қариб 400 навъи тут вуҷуд дорад. Хусусан, навъҳои тути бедона, балхӣ, марворидак, мавизак, чиртут, сафедак ва ғайраҳо дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон аз замонҳои қадим инҷониб парвариш карда мешаванд. Тут растании ба хушкӣ ниҳоят тобовар буда, дар хокҳои нисбатан камғизо метавонад хуб нашъунамо кунад. Тутро асосан тавассути дона (тухм)-аш ва инчунин бо роҳи пайвандкунӣ зиёд мекунанд

         Дарахти тут 200-300 сол умр мебинад. Меваи тут ширин буда, дар таркибаш зиёда аз 10 фоиз моддаи қандӣ дорад. Онро дар шакли тару тоза ё хушкконидашуда истеъмол мекунанд. Агар аз тути хушки кӯфташуда талқон тайёр кунанд, аз меваи тару тозаи он ширинӣ мепазанд. Хусусияти шифобахшии дарахти тут аз қадимулайём маълум аст. Абӯалӣ ибни Сино тути хушконидашударо (меваашро) барои табобати бемориҳои гуногуни меъдаю рӯда тавсия додааст.

        Хусусан, тути сафед дорои аҳамияти калони саноатӣ мебошад. Барги онро ба сифати маводи хӯрока барои парвариши кирми пилла (абрешим) истифода мебаранд. Бо ин мақсад, истифода шудани барги тут дар қитъаи Осиё (Хитой) зиёда аз 2500 сол бошад, дар Аврупо зиёда аз 1000 солро ташкил медиҳад.

          Мувофиқи маълумотҳои оморӣ майдони умумии тутзор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ то ин давра 5446,2 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он дар вилояти Суғд 2681 гектар, вилояти Хатлон 1397 гектар, ВМКБ 6288 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1080,2 гектарро дар бар мегирад.

          Хусусиятҳои табобатии тут 

Тут — Ин меваи маълум аст, ки расидаи он сафеди ширин мебошад.   Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст ва бисёр ширинаш то дараҷаи дувум гарм аст.

          Хусусиятҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, ба майнаи хушк рутубат мебахшад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, ҳоли бади ҷигар ва сипурзро ислоҳ мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, боҳро меафзояд, чарбии гурдаро қувват медиҳад, пешобро меронад, дарунро мулоим менамоад, барои обила (нағзак) ва сурхича (сурхакон) дору мешавад.

        Баргашро ба пучак ва монанди ин решҳо гузошта банданд, зуд онҳоро пазонида мекафонад.

          Инчунин 35 грамм решаашро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, кирмҳои кадудонаро (солитёрро) аз шикам хориҷ мекунад. Ҳамон миқдор решаашро дар 300 грамм об то чоряки об мондан биҷӯшонанд ва он обро бо шакар ё бо асал биёшоманд, барои хафа шудани гулӯ аз хӯрдани гиёҳи заҳрнок ва ё дигар заҳрҳо, девонагӣ, зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина), дарди камар ва дарди пушт, ки аз ҷамъ шудани хилти хом бошад, багоят фоида дорад.

         Агар баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ҳам, ҳамин навъ фоида дорад. Бо обе, ки дар он решаи тут ҷӯшонида шуда бошад, гарғара кунанд, дарди гулӯи хафакунанда ва ханозерро шифо мебахшад.   Агар решаи тутро дар об ҷӯшонвда, он обро аз рӯ бирезанд, дарди дандонро таскин ва варамҳои калонро таҳлил медиҳад. Бо шилми тут даҳонро чайқонанд, яъне шилми онро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва агар бимоланд, варамҳои бузургро мегардонад.

           Оби решаи тутро, ки аз чок кардани он таровиш мекунад, 175 грамм гирифта, бо 25 грамм барги ток ва барги анҷири сиёҳ ва бо каме оби борон дар зарфе андохта, гирди сарпӯшашро ба хамир гирифта, то шашяки об мондан биҷӯшонанд ва баъд бо он мӯйро бишӯянд, ранги пурқуввате мебошад барои сиёҳ кардани он. Инчунин барги шоҳтут бо барги ток ва барги анҷири сиёҳ дар об ҷӯш хӯрда бошад, барои мӯй ранг мешавад.

           Барг ё пӯсти дарахти онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

         Решаашро кӯфта, дар вақти ҳаммом кардан бо сирко даромехта, ба шаро (аллергия)-и кӯҳна ва решҳои карахшдори раддӣ гузошта банданд, шифо мебахшад.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Илова кунед: