Ваҳдати миллӣ - рамзи шарафу номуси ватандорӣ

Роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва куллӣ кишоварзони мамлакаторо табрик менамояд!
Бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат омили асосии рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз гардидааст, ки баҳри инкишофи дигар арзишҳои миллӣ-худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввият ва ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, дарки масъулияти ватандорӣ шароитҳои мусоид фароҳам омадааст.
Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо ин ҷашни муқаддаси миллиро бояд чун гавҳараки чашм пос дорем, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз намоем.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо фараҳмандиву тансиҳатӣ, саодату хушбахтӣ ва дар фаъолиятатон барору комёбиҳо таманно дорем!