Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдату ягонагӣ – нишонае аз тамаддуни воло.

28.12.2021

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Дар ин заминаи  гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди миллати тоҷик таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат буд. Имрӯз моро зарур аст, ки ин ҳама пойдориву сулҳ, ваҳдату ягонагӣ ва ободиву рушдро ҳимоят ва дар таҳкими минбаъдаи он бо дасту дили пок пок хизмат намеоем.

Чанде қабл, ки  аз хабарҳои расмӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон аз ҳаводиси руйдода огаҳӣ пайдо намуданд, ки нафаре дар кофтукоб қарор дошту чандин ҷиноятро содир намудааст дар ҷараёни боздошт ва зиддият ба ҳалокат расидааст. Шояд аз ноогоҳии пурраи ин масъала як гурӯҳ ҷавонону сокинони вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даст ба тазоҳурот зада, дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омаданд.

Мо тамоми мардуми шарафманди  тоҷикистони азиз бояд кӯшиш намоем, ки барои пойдории сулҳу субот кӯшиш намуда, барои муҳофизати ватани аҷдодии худ дар ҳолати омодагӣ бошем. Ҳамзамон мо мардум намехоҳем, ки воқеаҳои солҳои 90-ум дубора такрор шавад ва аз як гиребон сар бароварда дар ҳама ҳолат тоҷик бошему тоҷик монем.

Вобаста ба ин, қайд намуданием, ки Гулбиддин Зиёбеков барои содир намудани чандин ҷиноятҳо аз ҷумла, ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ аз ҷониби мақомоти қудратӣ дар кофтукоб қарор дошт. Бар замми ин, Гулбиддин Зиёбеков барои бо яроқи оташфишон муқобилият нишон доданаш ба ҳалокат расидааст.

Аз ин хотир аз кулли ҳамватанон ва мардуми сарбаланди вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хоҳиш карда мешавад, ки ва номи худро бо гирдиҳамоиҳо бемантиқу беасос ва нооромиҳову дасисаҳои баъзе аз душман олуда насозед!

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: