Санаи 24.05.2021 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулокоти намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва СММ бо ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар ҷалассаи мазкур Вазири кишоварзӣ Зиёзода С.Р., муовини вазир Нигина Анварӣ, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ Амонов Ф.Н., муовини сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стеффано Эллеро, намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон Олег Гучгелӣдиев, мененҷери миллии ТИК Мақсуда Саидова ва инчунин иштирокчиён аз GIZ муовини директори лоиҳаи ТРИТТЕР, мушовири иқтисодии лоиҳа ва координатори миллӣ Нозигул Хушвахтова иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориро баён намуда, ҳамзамон доир ба амалисозии лоихаи “ТРИТТЕР-2” оид ба лоиҳаи “ Рушди ҳамгироии кишоварзии маҳал” баррасӣ намуд.
Вазири кишоварзи ба намояндагони Иттиҳоди Аврупо таъкид намуд, ки дар ҷараёни ҳамкориҳои минбаъда шакли амалисозии лоиҳаҳо ва дигар намуди ҳамкориҳо дар самти кишоварзӣ агар бе иштироки ҷониби сеюм амали гардад ба манфиати кор хоҳад буд.
Дар ҷараёни вохури таклиф ва пешниҳодҳои намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва СММ шунида шуд.
Дар интиҳои вохури ба Ҷонибҳо барои фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно гашт.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ