Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вазирони кишоварзии Тоҷикистону Беларус аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд

05.04.2021
Санаи 5-уми апрели соли 2021 дар доираи сафари ҳайати комиссия аз Ҷумҳурии Беларус, ки бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҳамтои худ Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Крупко Иван Ивановичро ба тамошоӣ МД "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" даъват намуда, якҷо дидан намуданд.
Зимни шиносои аз ҷониби мутасаддиёни МД"Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба вазирон оид ба китобҳои маҳфуз буда иттилоъ дода мешуд.
Бо мақсади эҳтиром ба арзишҳои миллии тоҷикон Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Крупко Иван Иванович ба дафтари махсуси ташрифи меҳмонон таманниёти нек навишта, имзо гузоштанд.
Ёдовар мегардем,ки ҳайати Ҷумҳурии Беларус бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз санаи 5-ум то 8-уми апрели соли 2021 баргузор мегардад.
Санаи 05-уми апрел оғози ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” шурӯъ гардида, миёни Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Беларус Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссия ба имзо расонида мешавад.
Сипас, вохӯрии роҳбари ҳайаи Ҷумҳурии Беларус бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назар аст.
Бо мақсади шиносоӣ аз таърихи ниёгон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Ҷумҳурии Беларус  боздид аз МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Боғи парчам ва Кохи Наврӯз менамоянд.
Санаи  6-уми апрел ҳайати расмии Ҷумҳурии Беларус дар маросими ифтитоҳи расмии ҳамоиши доираи соҳибкорони Тоҷикистону Беларус  дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии Душанбе иштирок менамоянд.
Дар қисмати дуюми рӯз сафар ба шаҳри Ҳисор ва боздиди ҳайат аз фаъолияти ҶСШП “Агротехсервис” ва боздид аз ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” ба нақша гирифта шудааст.
Санаи 7-уми апрел иштироки роҳбарони ҳайати расмӣ дар маросими ифтитоҳи расмии ҳамоиши соҳибкории сеҷонибаи Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии Душанбе доир мегардад.
Пас аз ҳамоиши сафари роҳбарони ҳайати расмӣ ба вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ сурат мегирад.
Санаи 8-уми апрел вохӯрии роҳбари ҳайаи Ҷумҳурии Беларус бо Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифташудааст.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тамос: 235 38 63

 Возможно, это изображение (13 человек, люди стоят и костюм)

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и костюм)

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (1 человек, стоит, костюм и в помещении)

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)

 

Илова кунед: