Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи равобити иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK)

12.10.2021

 

         12-уми октябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазир Каримзода С.Ғ. бо намояндагони Кумитаи равобити иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) баргузор гардид.

         Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои муҳим вобаста ба робитаҳои Тоҷикистону Туркия махсусан дар соҳаи кишоварзӣ аз қабили – ташкили гармхона ва сардхонаҳо ва содирот ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: