Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ВОХӮРИ БО НАМОЯНДАГОНИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ

26.08.2020

      Дар доираи Нақша - чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.08.2020 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъди Ғафор ва намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи милии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

На изображении может находиться: 2 человека, люди сидят и в помещении

Каримзода С.Ғ. ба кори ҷаласа оғоз бахшида, оид ба мақсади чорабинӣ ва моҳияти қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯшани андохта, риштаи суханро ба намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи милии Тоҷикистон гузоштанд.

На изображении может находиться: 1 человек, сидит и в помещении
Қодирзода Абдуҷабор Сафаралӣ – Муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташвиқи ҳамаҷонибаи қонунгузории амалкунандаи мамлакат, тартиби иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маърӯза намуда, даъват ба амал оварданд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда оид ба мавзӯҳои зикр гардида бо ҷамъи устодон мубодилаи афкор ташкил намоянд.

На изображении может находиться: 4 человека, люди сидят и в помещении
Ҳаминтариқ, пас аз табодули афкор бо намояндагони Дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзӣ, вохӯри бо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: