Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони аввали Шарикони рушд дар Тоҷикистон

04.12.2020
Санаи 4 декабри соли 2020 бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» машварати кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо роҳбарони аввали Шарикони рушд дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҷорабини вазирро муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ Файзимаҳмад Амонов, сардори Шуъбаи матбуот ва иттилоот Кароматулло Саидов, роҳбари КВД “Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” Камолиддин Қурбонов ва дигар кормандани дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзӣ ҳамраҳӣ намуданд.
Нахуст, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзиро ба риштаи таҳлил кашида оид ба ҷамъбаҳои ҳамкориҳо бо Шарикони рушд изҳори назар намуданд.
Сипас, масъалаҳои кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, алалхусус таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Дар интиҳои чорабини Вазири кишоварзӣ Зиёзода С.Р. имконият фароҳам оварданд, ки роҳбарони Шарикони рушд дар Тоҷикистон фикру дархостҳои худро пешниҳод намоянд.
Машварати мазкур дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо барои тақвият ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти афзалиятҳои саҳавӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Илова кунед: