Ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба ҷашни Иди Қурбон
Бо ташабуси Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи дастгоҳи марказӣ санаи 29.07.2020 бахшида ба ҷашни Иди Қурбон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.
Ярмаркаи мазкур дар назди бинои Вазорат аз ҷониби корхонаҳои зертобеъ – КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», КВД «Асали Тоҷикистон», МД «Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо», КВД «Тоҷикниҳолпарвар» баргузор гардид, ки дар он маҳсулотҳои кишоварзии пиёз, помидор, бодиринг, тарбуз, гушти мурғ, тухми мурғ, асал ангур, шафтолу ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки чунин ярмарка – фурўши маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан дар арафаи тамоми ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ баргузор мегардад, ки қадами муҳим барои татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад.