Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.

27.12.2021

        Санаи  28 декабри соли 2021 бо ташаббуси Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. дар назди бинои вазорат ярмарка – фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ баҳри таъмини кормандони дастгоҳи марказӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалияи кишоварзӣ ва нархҳои аз бозор нисбатан арзон, баргузор гардид.

         Дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби корхонаҳои зертобеъи вазорат – КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» гушти гов, гушти мурғ, тухми мурғ, КВД «Моҳии Тоҷикистон» моҳӣ, МД «Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо» себ, пиёз, картошка, сабзӣ, турб, карам биринҷ, Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ равған пешниҳод карда шуд.

       Лозим ба ёдоварист, ки чунин ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан дар арафаи тамоми ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ баргузор мегардад, ки қадами муҳим барои татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

Илова кунед: