Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ЧОРВО

30.06.2020

Кишоварзони ҷумҳурӣ дар баробари ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти полизӣ, сабзавот ва меваҷот ба маъракаи захира кардани хӯроки чорво машғул мебошанд.

Ба ҳолати 30.06.2020с. дар ҷумҳурӣ 506910 тонна хӯроки дурушти чорво захира гардидааст, ки тибқи дурнамо он  28,3 фоизро ташкил менамояд.

Аз он ҷумла, дар ВМКБ 290 тонна (0,6 фоиз), Суғд 106349 тонна (21,2 фоиз), Хатлон 330783 тонна (38,4 фоиз), Н.Т.Ҷ. 69488 тонна (18,3 фоиз) ҷамъоварӣ гардидааст.

Чорводорони ҷумҳурӣ хуб дарк менамоянд, ки истифода аз вақту фурсат ва захираи хӯроки дурушту ширадор барои қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир нақши муҳим мегузоранд.

Илова кунед: