Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Зодрӯз муборак!

10.09.2021
         10-уми сентябр дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода зодрӯз дорад.
         Номбурда фаъолияти асосии меҳнатиашии худро дар даврони Истиқлолият оғоз намуда, аз вазифаҳои муҳандиси назорати техникӣ лейтенанти калон, мутахассиси дараҷаи аввал, сардори шўъбаи боркашонӣ, сардори шӯъбаи ҳамлу нақл, муовини сардори Департаменти нақлиёти автомобилӣ, муовини сардори нақлиёти руйзаминӣ ва сардори ҶДММ «АНБАТ- Сервис» фаъолият намудааст.
          Аз соли 2013 муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то ҳол дар вазифаи мазкур кору фаъолият намуда, дар рушди механиконии соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор мебошад.
          Бо назардошти хизматҳои назаррас ӯ соли 2019 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.
          Инчунин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи тахассусии “Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 2” мушарраф гардидааст.
          Имрӯз Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода - ин марди ҳалиму меҳрубон, болидарӯҳ, нексиришт поктинат, накӯкор ва роҳбари ботамкину ҳамзамон серталаб нисбат ба кор синни мубораки 60-солагии худро ҷашн гирифта истодааст.
          Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯзи муборакро ба Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода таҳният гуфта аз даргоҳи Худованди мутаъол барои эшон саломатӣ, умри дароз, хушбахтӣ ва дар кору фаъолияти минбаъдаашон барору комёбии беназир хоҳонанд.
Бори дигар зодрӯз муборак бошад!
 
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: