Низомнома
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
-
Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Шӯро) бо мақсади иҷрои банди 10 Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
-
Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
-
Шӯро фаъолияти худро дар шакли иҷлосия доир менамояд. Шӯро мақоми иҷлосиявӣ дошта, доир ба баррасӣ намудани дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ аз олимон, мутахассисони баландихтисос, пешқадамони истеҳсолот ва намояндагони ташкилотҳои зертобеи вазорат иборат мебошад.
-
Шӯро фаъолияти худро барои тезонидани раванди рушди илми кишоварзӣ, татбиқи васеи дастовардҳои илмӣ ва техникаю технологияи муосири ҷаҳонӣ, ки самаранокии маҳсулнокии меҳнатро таъмин менамояд, равона месозад.
-
Шӯро фаъолияти худро мувофиқи нақшаи солонаи худ бо тақсимоти кварталӣ, ки дар он масъалаҳои асосӣ дарҷ гардидаанд, иҷро менамояд.
- ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШӮРО
- Вазифаҳои асосии Шӯро аз инҳо иборат мебошанд:
- Барои амалӣ намудани вазифаҳои асосӣ, Шӯро дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- ТАШКИЛИ КОРҲО
- Барои иҷро намудани вазифаҳои дар Низомномаи мазкур муайянгардида шуъбаҳои Шӯро дар самтҳои зерин ташкил карда мешаванд:
- Шӯро метавонад шуъбаҳои навро ташкил, шуъбаҳои амалкунандаро барҳам ва ё таҷдид намояд.
- Ҳайати Шӯро бо фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
- Ҳар як аъзои Шӯро танҳо аз номи худ овоз медиҳад, додани овози худ ба ҷои шахси дигар аъзои он иҷозат дода намешавад.
- Сардорони шуъбаҳои Шӯро - муовинони вазир дар самти соҳавӣ мебошанд.
- Кворуми ҷаласаи Шӯро (Президиум), ё шуъба на камтар аз 2/3 иштироки аъзоён ташкил ҳисобида мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо овози Раиси Шӯрои илмӣ-техникӣ ҳалкунанда мебошад.
- Шӯро ва шуъбаҳои Шӯро метавонанд комиссияҳои экспертӣ (коршиносӣ) таъсис диҳанд. Натиҷаи ҷаласаи Шӯро ва шуъбаҳои он бо протоколҳо ва қарорҳо ба расмият дароварда мешавад.
- Қарорҳои Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро, шуъбаҳои Шӯро аз тарафи сардорони шуъбаҳо ва хулосаҳои экспертии Шӯро аз ҷониби аъзоёни экспертӣ (коршиносон) таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
- 17. Қарорҳои Шӯро оиди масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба воситаи фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро тасдиқ карда мешаванд.
- 18. Масъалаҳое, ки аҳамияти умумӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ доранд дар Шӯрои асосӣ ва масъалаҳое, ки аҳамияти соҳавӣ доранд, дар шуъбаҳои дахлдори Шӯро баррасӣ мегарданд. Маводҳои иттилоотӣ ва тавсиявие, ки аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолии зерсохторҳои вазорат барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯро (шуъбаҳо) пешниҳод мегарданд, пас аз дида баромадани аъзоёни комиссияи экспертии соҳавӣ ташкилкардашуда иҷозат ба чоп ва пешниҳоди он ба хоҷагидорон, аз ҷониби Шӯро тасдиқ карда мешавад.
- Ҷаласаҳои Шӯро тибқи нақша дар мавриди лозимӣ гузаронида мешаванд, аз ҷумла барои Шӯро дар муҳлати семоҳа 1 маротиба ва барои шуъбаҳои Шӯро на камтар аз 1 маротиба дар 1 моҳ. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шӯро метавонад ҷаласаҳои ѓайринавбатӣ даъват намояд.
- Роҳбарони зерсохторҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои соҳаи кишоварзӣ вазифадоранд, ки барои иҷрои супориши Шӯро, иштирок намудани мутахассисони дахлдор чораҷӯӣ ва чорабиниҳо таҳия намуда, рафти иҷрои онро зери назорат гиранд.
- Оиди масъалаҳое, ки шиносоӣ ва дида баромадани объектҳоро дар маҳал талаб менамояд, ҳайати Шӯро (шуъба) метавонад бо роҳи сайёр масъаларо дар маҳал рафта дида баромада, ба ҷаласаи Шӯро (шуъба) пешниҳод намояд.
- Шӯро нақшаи кории шуъбаҳоро дида баромада, онро тасдиқ менамояд, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад, ҳисоботи фаъолияти шуъбаҳоро мешунавад, ахборотҳои роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорат, муассисаҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои соҳаи кишоварзиро оид ба иҷрои қарорҳои Шӯро ва шуъбаҳои он дар ҷаласаҳои шуъбаҳои соҳавӣ мешунавад ва хулосабарорӣ менамояд.
- РОҲБАРИИ ШӮРО, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲО
- Шӯроро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Раиси Шӯро мебошад, роҳбарӣ менамояд.
- Иҷрои вазифаҳо ва корҳои ташкилие, ки ба Шӯро вобаста шудаанд, муовини Раис ва котиби илмии Шӯро дар вазорат ба амал меорад.
- Раиси Шӯро вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- Раиси Шӯро ҳуқуқ дорад:
- Муовини раиси Шӯро вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- Котиби Шӯро вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
-
Шуъбаҳои Шӯро дар асоси Низомномаи мазкур метавонанд низомномаҳои шуъбаҳои худро вобаста ба самти фаъолият таҳия ва тасдиқ намоянд.
-
Ҳайати Шӯро ва сардорони шуъбаҳои Шӯро барои риояи Низомномаи мазкур ва кори самараноки Шӯро масъул мебошанд.