Парвариши карам
Ба гурӯҳи карамҳо намудҳои зерин мансубанд: калакарами сафед, колрабӣ, савоӣ, калакарами сурх, баргкарам, карами хитоӣ. Дар ҷумҳурӣ калакарами сафед ва гулкарам аҳамияти калони истеҳсолӣ доранд.
Карам растании дусола буда, ба оилаи чиликгулҳо мансуб аст. Соли якум кала мебандаду соли дуюм буттаи калони тухмӣ пайдо мекунад, ки аз якчанд навдаҳои гулӣ иборат аст.
Хусусияти биологӣ. Карам растании сармотобовар буда, тухмиаш дар ҳарорати 3-4ºС неш зада мебарояд. Барои инкишофи кучатҳо 12-15ºС беҳтарин мебошад. Карами хуби решагирифта ва калон ба хунукии 5-8ºС тобовар аст. Барои инкишоф ва калоншавии карам ҳарорати 16-18ºС хело мувофиқ аст.
Тайёр кардани замин, киштгардон ва нуриҳо. Барои карам зироатҳои лубиёгӣ, бодиринг, пиёз, лаблабу, помидору зироатҳои полезии пешинакиштӣ хуб мебошанд.
Коркарди майдон аз шудгори чуқурии (28-30 см) хушсифат иборат буда, барои наминигоҳдорӣ ва нест кардани алафҳо бояд аввали баҳор чизел ва култиватсия карда шавад.
Меъёри андохтани нуриҳои органикӣ ба замин барои карам чунин аст: пору 40-48 т/га, компостҳо 60-70 т/ га.
Барои нуриҳои минералӣ бошад, меъёри андохтан чунин аст: селитраи аммиак 250-350кг, суперфосфат 500-600 кг/га ва нуриҳои калигӣ бошад 150-200 кг / га. Пору, нуриҳои калийдор ва қисми асосии нурии фосфориро, нуриҳои азотӣ ва нурии фосфории боқимондаро дар давраи нашъунамо ҳамчун ғизои иловагӣ андохтан лозим.
Хусусияти парвариши карами барвақтӣ
Майдонеро, ки барои парвариши карами барвақтӣ ҷудо кардаанд, тирамоҳ шудгор карда, ба 1га 40-60т поруи пӯсида 60-65кг фосфор ва 45-60кг калий андохтан лозим. Ҷӯякҳои карами барвақтиро аз тирамоҳ кашида монанд бисёр хуб мешавад, чунки баҳор хоки чунин майдонҳо зуд гарм шуда барои бармаҳал ва сари вақт шинондани кучатҳо имконият пайдо мешавад.
Карами барвақтиро фақат аз кучаткунӣ беҳтар аз кучати тубакчаҳо парвариш кардан лозим аст. Кучатҳоро дар вилояти Хатлон аз 15 феврал то 5 март, дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд аз 25 феврал то 15 март, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ дар даҳаи аввал ва дуюми моҳи апрел шинондан лозим аст. Тариқи шинондан 60х35 ё 70х30, ба як гектар 45-47 ҳазор ниҳол сарф мешавад.
Баъди ҳар як обмонӣ бехи ниҳолҳои карамро нарм кардан лозим аст. Дар давраи нашъунамо байни қаторҳо се маротиба нарм карда мешавад. Ичунин аз рӯи меъёри нишондодашуда ду маротиба ғизои иловагӣ дода мешавад.
Ҳангоми нигоҳубини хуб ҳосил баъди 60-70 рӯзи кучаткунӣ мепазад.
Хусусияти парвариши карами миёнапазак
Карами навъҳои миёнапазро аз кучат ё бекучат парвариш кардан мумкин аст. Дар вақти аз кучат парвариш кардан кучатҳоро ба майдони кушод дар мӯҳлатҳои зерин мешинонанд: дар вилояти Хатлон аз 5 то 15 май, дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд аз 15 май то 30 май.
Ҳангоми кучат накарда, парваридан тухмии карамро 10-15 рӯз пеш мекоранд.
Барои карами миёнапазак аз майдонҳои зироатҳои зимистонии аввал ва охири май холишудаи хушадорҳо истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми бекучат парваридани карам майдонҳои хокашон сабуки беалафро ҷудо кардан лозим.
Миқдори сарфи тухмӣ ба 1га 1,4-1,8кг, чуқурии зери хок кардан бошад 2-3 см. Ҳангоми дастӣ коштан ба чуқурчаҳо 5-6 донагӣ тухмӣ мегузоранду зери хок мекунанд. Азбаски тобистон хок тез-тез хушк мешавад, барои неш задани тухмӣ 2-3 маротиба об мондан зарур аст. Тариқи шинондан бояд 60х60 ё 70х50см бошад.
Замини бекучат парваридан ду маротиба ягона мекунанд. (фосилаашон 50-60 см); бори аввал ҳангоми ду-се барга шудан, бори дуюм ҳангоми чор-панҷ барга шудан.
Агар ҳамаи талаботи агротехникаи парвариш риоя карда шавад карам нимаи дуюми моҳи август мепазад.
Хусусияти парвариши карами дерапзак
Навъҳои карами дерпазакро низ аз кучаткунӣ ва бекучат парвариш мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон карами дерпазакро, одатан чун зироати такрорӣ баъди ҷамъоварии картошка, сабзӣ ва бехпиёзи барвақтӣ парвариш мекунанд.
Мӯҳлати кучатшинонӣ: дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд аз 1 то 10 июл, дар вилояти Хатлон аз 10 то 20 июл мешинонанд. Тариқи шинондан 70х70см ба як га 22-23 ҳазор кучат мешинонанд. Барои зуд реша гирифтани кучатҳо онҳоро нимаи дуюми руз дар даруни об мешинонанд, зеро дар ин давра ҳарорати ҳаво то 43-45ºС мерасад. Дар ду рӯзи минбаъда об мемонанд. Баъд аз се чор рӯз дар ҷойҳои хушкшуда такроран кучат мешинонанд. Дар давоми нашъунамо байни каторҳо се маротиба коркард карда шуда, ду маротиба ғизои иловагӣ дода мешавад. Ба карами дерпазак дар давраи нашъунамо 14-16 маротиба об монодан лозим.
Мӯҳлати шинондани карами дерпазак ҳангоми аз тухмӣ парвариш кардан (бекучат): дар вилояти Хатлон аз 10 май то 10 июн, дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд аз 20 май то 5 июн коштан лозим аст.
Хусусияти парвариши карами зимистонӣ
Карами зимистониро низ аз кучат ва бекучаткунӣ парвариш кардан мумкин аст. Зимни парвариши карами зимистонӣ мӯҳлати кишт аҳамияти калон дорад: саривақт кишт накардан боиси баҳор саросар гулкунии растаниҳо шуданаш мумкин аст.
Ҳангоми бекучаткунӣ парваридан тухмии карамро дар водии Ҳисор 25-30 сентябр ва вилояти Хатлон 1-5 октябр ва ҳангоми парвариш бо кучат мутаносибан аз рӯи минтақаҳо дар даҳаи якум ва дуюми моҳи ноябр пас аз 4-5 барг пайдо кардан бо тариқи 60х30 ё 70х25 мешинонанд. Ба майдонҳо баъди шинондани кучат об мемонанд.
То фаро расидани сармо байни каторҳои карамро як ду маротиба нарм карда, дар вақти зарурӣ об мемонанд. Баъди фаро расидани рӯзҳои гарм дар даҳаи дуюми моҳи феврал байни қаторҳо нарм карда шуда, ғизои иловагии азоти аз рӯи меъёрҳо дода мешавад. Карами зимистонӣ аввал ва миёнаҳои моҳи апрел мепазад.
Навъҳо. Дар Тоҷикистон навъҳои зерин ноҳиябандӣ карда шудаанд:
Рақами якуми Грибовии 147 тезпазак буда, баъди 60-70 рӯзи кучаткунӣ пухта мерасад. Ҳангоми кишти баҳорӣ дар ҳамаи ноҳияҳо парвариш кардан мумкин аст.
Дербентии маҳалӣ – тезапзак буда, ҳамчун зироати тирамоҳӣ истифода бурда мешавад. Давраи нашъунамо аз неш задан то пухта расидан 205 рӯз. Барои парвариш дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон тавсия карда мешавад.
Апшерони – тезпазак буда, ба сифати зироати тирамоҳӣ истифода бурда мешавад. Барои парвариши зимистон дар Қурғонтеппа маслиҳат дода мешавад.
Июни – пешпазак, баъи 130 рӯз мапазад, дар Қургонтеппа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавсия карда мешавад.
Слава – 1305 – миёнапазак, баъди 75 – 80 рӯзи кучат кардан ва зимни коштани тухмӣ баъди 95 – 100 рӯз мепазад. Ғайр аз вилояти Суғд дар ҳамаи ноҳияҳо парвариш карда мешавад.
Тошкентии – 10 — миёнапазак, баъди 100-110 рӯзи кучат кардан ва баъди 130-140 рӯзи ба хок шинондани тухмӣ мепазад.
Багири – миёнадерпазак буда, баъди 110 – 130 рӯзи кучат кардан ва баъди 140-160 рӯзи коштани тухмӣ дар хок пухта мерасад. Ғайр аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт дар ҳамаи дигар ноҳияҳо кишташ тавсия карда мешавад.
Душанбегии дерпазак – баъди 125-130 рӯзи кучат кардан ва баъди 145-160 рӯзи дар хок коштани тухмӣ мепазад. Ғайр аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт дар ҳамаи дигар ноҳияҳо кишташ тавсия карда мешавад.
Ба ғайр аз ин навъҳои дар боло зикр шуда дар ҷумҳурӣ навъ ва дурагаҳои нав бо фурӯш бароварда шудаст, ки аз мағозаҳои тухмӣ фурӯши дар ёфт кардан мумкин аст.
Муборизаи зидди ҳашарот. Ба карам асосан ширинчаи карам, кирмҳои баргхӯр (белянка, митта ва белянкаи шалғам) дар давраи нашъунамо зарар мерасонанд.
Бар зидди ширинчаи карам бо роҳҳои зерин мубориза бурдан мумкин аст: карамро дар майдон дар бари помидор шинондан лозим. Аз бӯи помидор ширинча тарсида ба карам наздик намешавад.
7-10 рӯз баъд растаниҳоро бо маҳлули собуноб (300-400 г собун дар 10 л об) шустан лозим.
Зараррасонии кирмина
Аз препаратҳои кимиёвӣ бошад ба растанӣ зимни пайдо шудани аввалин ширинчаҳо доруҳои Десис 2,5% Э.К -2,5мл/дар 10л об ва Конфидор 20% консентратӣ дар об ҳалшаванда — 2,0мл/ дар 10 л об истифода бурдан мумкин аст. Истифодабарии ин нуриҳоро 20 рӯз пеш аз пухтани ҳосил қатъ кардан лозим аст.
Бар зидди кирмҳои баргхӯр (белянка,митта ва белянкаи шалғам) дар давраи нашъунамо заҳрхимкатҳои Десис 2,5% Э.К-2,5мл/дар 10л об ва Конфидор 20% консентрати дар об халшаванда- 2,0мл/ дар 10л об истифода бурдан мумкин аст.
Муборизаи зидди касалиҳо. Ба карам ва кучати он асосан чунин касалиҳо зарари худро мерасонанд: фасоди сиёҳи поя ва гардзанӣ.
Фасоди сиёҳи поя
Бар зидди ин касалиҳо бо роҳҳои зерин мубориза бурдан мумкин аст: ҳангоми парвариши кучат риоя намудани реҷаи оптималӣ: ҳарорати даруни гармхона бояд аз 18-20ºС баланд нашавад, хоки даруни гармхона аз ҳад зиёд намнок нашавад, ба майдони кушод растаниҳои солимро шинондан ва баъд аз шинондан истифодабарии нуриҳо.
Миқдор ва роҳҳои истифодабарии препаратҳои қимиёвӣ: пеш аз коштан ба маҳлули суспензия тар кардани тухмӣ бо перманганати калий 1% дар давоми 30 дақиқа.
Бар зидди касалии фасоди сиёҳи поя инчунин хоки гармхонаро бо купороси мис (5г ба 10л об) коркард кардан лозим аст.
Бар зидди гардзанӣ бошад, бояд растаниҳо бо хлорокиси мис (40г ба 10л об) баъди пайдо шудани касалӣ 3-4 мротиба коркард карда шаванд.