Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парвариши офтобпараст

18 июня 2018 г., понедельник

Варақаи ахборотии мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ тартиб дода шудааст. Мазмун ва мундариҷаи ин нашрия маҳсули Development Alternatives, Inc. (DAI) буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.

Парвариши офтобпараст

Офтобпараст-зироати пурқимати равғандор буда, асосан барои дони серравғанаш парвариш карда мешавад. Вобаста ба навъҳо, шароти иқлимию хок ва парвариш дар таркиби донаш аз 45 то 52 % ва дар таркиби мағзи донаш 70 % равғани баландсифати нимхушкшаванда мавҷуд аст.

Равғани офтобпараст дар соҳаи озуқаворӣ (истеҳсоли маргарин), саноати консервабарорӣ, рангу лак, собунпазӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Дар таркиби хокистараш 30-34% оксди калий дорад, ки онро ҳамчун нурӣ истифода мебаранд.

Дар Тоҷикистон офтобпараст зироати нав ба ҳисоб рафта, дар солҳои охир ҳамчун зироати такрорӣ баъд аз ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ васеъ истифода бурда мешавад. Як сентнер силоси офтобпараст 14-16 кг воҳиди хӯрока дорад.

ҲосилнокӣАз заминҳои лалмии бо боришот таъминбуда, аз ҳар гектар 10-12 сентнер ҳосили дон гирифтан мумкин аст. Ҳатто ҳосили миёнаи тухмӣ (6-7 с\га) аз нуқтаи назари иқтисодӣ фоидаовар мебошад. Аз рӯи маълумоти институти «Зироатчигӣ» дар ҳолати риояи дурусти агротехникаи парвариш, дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини водии Ҳисор то 350 с\га ва дар заминҳои лалмии аз боришот нимтаъмин то 250 с\га баргу пояи сабзӣ силосбоб гирифтан мумкин аст.

Хусусияти биологӣ. Офтобпараст растании ба хушки тобовар, гармӣ ва рӯшноидӯсти кӯтоҳрӯз мебошад. Норасоии рӯшноӣ ба офобпараст таъсири бад расонида, боиси он мегардад, ки сабадчаҳо хурд ва ҳосилашон паст мешавад. Ҳангоми дар чуқурии ҷойгиршавии тухмӣ ҳарорати гармӣ 6°С будан ба нешзанӣ сар мекунад. Баҳорон ниҳолҳои он ҳарорати сармои то -6°С-ро ба осонӣ аз сар мегузаронанд. Барои давраи нашунамояш ҳарорати 20-25°С мӯътадил аст.

Офтобпарст, ки назар ба дигар зироатҳои хӯроки чорво баргу пояи зиёд дорад, ба моддаҳои ғизоӣ серталаб аст. Дар давраи пайдоиши сабадча, то пурра гулкунӣ талаботи растаниҳо ба нитроген меафзояд. Барои як сентнер тухмӣ додан (дар якҷоягӣ бо баргу поя) офтобпараст бояд аз хок 5 кг нитроген, 2,6 кг фосфор ва миқдори 18,5 кг калийро ҷаббида гирад.

Вобаста ба тезпазии навъҳо ва шароити парвариш давраи пурраи нашъунамои офтобпараст барои тухмӣ дар киштаҳои баҳорӣ 100-140 рӯз ва барои силос дар давраи гулкунии сабадчаҳо 80-100 рӯз тӯл мекашад.

Навъҳо. Старт, Юбилей-60, Енисей дурагаи ПГЗИ, ВНИИМК 8883, Восход, Первенск. Дурагаҳои Почин ва Успех, ки аз рӯи равғаннокӣ ва ҳосилашон ҷавобгӯи талаботи стандарти ягонаи ҷаҳонӣ мебошанд.

Киштгардон. Дар киштгардонҳои заминҳои лалмӣ офтобпарастро баъд аз ғаллагиҳо, лубиёгиҳо (нахуд, наск) мекоранд. Барои роҳ надодан ба паҳншавии алафи бегонаи карантинӣ — гули харбуза тавсия карда мешавад, ки такроран баъди 6-7 сол дар майдони аввала кошта шавад. Инчунин офтобпарастро баъди зироатҳои полезӣ ва тамоку коштан мумкин нест.

Коркарди хок. Тирамоҳ заминро дар чуқурии 26-28 см шудгор мекунанд. Вобаста ба ҳолати майдонҳо ва паҳншавии алафҳои бегона коркарди пеш аз кишти баҳории хок бо нармкунакҳои васеъбари КШ-8,4, чархмолаҳои БДТ-3 дар чуқурии 10-12 см бо ғизодиҳию сихмолакунонӣ гузаронида мешавад.

Нурипошӣ. Тирамоҳ пеш аз шудгор барои парвариши офтобпарст дар заминҳои лалмӣ 50-60 кг калий ва пеш аз нармкунии пеш аз кишти 35-40 кг\га нитроген пошида мешавад. Бо меъёри 2-3 с\га пошидани поруи парандаҳо ва хокистар низ тавсия карда мешавад. Барои кишт тухмиҳои синфи 1 ва 2 – и ба талаботи ягонаи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ истифода бурда мешаванд. Ба муқобили касалиҳои пӯсиши сафед ва хокистаранг, мағорзании тухмиҳо пеш аз кишт тухмиҳо заҳролуд карда мешаванд.

Мӯҳлати кишт. Мӯҳлати кишти баҳории офтобпараст ба мӯҳлати кишти зироатҳои аввалибаҳорӣ рост меояд. Дар водию ноҳияҳои наздикӯҳӣ кишт пеш аз зимистон ё дар зимистон гузаронда мешавад, ки аввали баҳор аз намии хок самаранок истифода бурда, 25-30 рӯз пеш нисбат ба киштҳои баҳорӣ нашъунамо карда, самараи хуб медиҳад.

Меъёри кишт. Вобаста ба ҳаҷми тухмиҳо ва хусусиятҳои навъӣ, дар ҳар як гектар аз 8 то 14 кг тухмӣ мекоранд. Дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин бо усули васеъҷӯяки 60см 8-10 кг, 45 см 12 кг\га тухмӣ мекоранд. Барои мӯҳлатҳои пеш аз зимистони меъёри кишти тухмӣ 10-15 % зиёд карда мешавад. Барои кишт аз тухмипошакҳои  дақиқкорандаи  СУПН-8, СПУ-6, СПУ 6м истифода мебаранд. Усули беҳтарини кишти офтобпараст барои тухмӣ васеъҷӯяки қаторҳояш 60 см ва барои баргу пояи сабз 45 см мебошад.

Нигоҳубини киштзор. Дар давраи нашъунамои офтобпараст киштзорро ду маротиба нарм ва хишова кардан лозим аст. Дар давраи 1-2 барга, шудани растаниҳо ба ягонакунӣ сар мекунанд. Ягонакунӣ бо гузаронидани нармкунӣ дар чуқурии 10-12 см самараи хуб медиҳад. Зичии мӯътадили ниҳолҳо ҳангоми шинондан бо байни қаторҳои 45 см, дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин 110-120 ҳазор растанӣ дар як гектар ва дар заминҳои лалмии аз боришот нимтаъмин 90-100 ҳазор растанӣ дар як гектар бояд бошад.

Барои дон бошад, дар заминҳои оби зичии ниҳолҳо  50-60 ҳазор растанӣ дар як гектар ва дар заминҳои лалмӣ бошад, 40-45 ҳазор бояд кам набошад.

Мубориза бар зидди ҳашарот ва касалиҳо яке аз чораҳои муҳими агротехникӣ буда, он бояд дар мӯҳлатҳои беҳтарин гузаронда шавад. Барои ба касалии пӯсиши сафед ва мағорзании тухмӣ гирифтор нашудани офтобпараст, тухмиҳо ҳатман бояд пеш аз кишт безарар гардонида шаванд.

Ғунучини ҳосил. Офтобпарстро барои силос ҳангоми пурра гул кардани сабадчаҳояш ҷамъоварӣ мекунанд. Барои дон бошад ҳангоми 90% зард шудани сабадчаҳо ба воситаи комбайнҳои ғаладаравии СК-5 «Нива», ки бо олоти ПСП- 1,5 мутобиқ карда шудаанд, ҳосилро меғундоранд.

Илова кунед: