Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Парвариши пиёз (бехпиёз)

18 июня 2018 г., понедельник

Пиёз (бехпиёз) сабзавоти пурқиммат аст. Дар таркиби пиёзи бехи14-16 %  моддаи хушк, то 7,8-11%  қанд, ба миқдори зиёд витаминҳо (А, В,В1,В2,РР)  дорад.  Пиёзро  ҳамчун  хӯрока барои  тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.

Хусусияти биологӣ. Пиёз растании дусолаи аз оилаи пиёзакиҳо мебошад. Соли аввал аз тухми бехпиёзи калон месабзад, соли дуюм, баъди шинондани бехпиёз гулпоя сабзида, гул мекунад ва тухмӣ медиҳад.

Пиёз растании нисбатан ба сармо тобовар буда, тухмиаш дар ҳарорати 3º-4ºС неш  мезанад, дар ҳарорати 12º-15º С баъди 15-16 рӯз сабзаҳо пайдо мешаванд.

Барои сабзиши пиёз ҳарорати 19º-20ºС мӯътадил мебошад. Дар вақти сабзидан ба  сармо хеле ҳасос буда, дар ҳарорати то – 3º-4º С нобуд мешавад, баргҳои калон ба сармои то  -7º С тоб меоваранд.

Пиёз дар давраи нешзании тухмӣ ва калоншавии бехпиёз ба намӣ серталаб аст.  Зимни  намии нокифоя растанӣ  бад  инкишоф  меёбад, суст калон шуда,  ҳосил  кам  мешавад.  Вале, намии барзиёд низ дар давраи инкишоф, калоншавии бехпиёзро кашол дода, пухта  намерасад, пиёзи пухта расидагӣ бошад, қобилияти дурудароз нигоҳдориашро гум  мекунад.

Пиёз дар хокҳои ҳосилхези структурааш хуб мерӯяд. Дар давраи калоншавӣ баргаш  азоти таркиби хок, дар давраи калоншавии беху, пухта расидани он бошад, калий ва  фосфорро аз хок бисёр ҷабида мегирад.

Киштгардон  ва  интихоби  майдон.  Барои пиёзкорӣ заминҳои хокашон мулоими  серпору ва аз алафҳои бегона тозабуда хуб аст. Хоки сергили вазнин, сералаф барои  кишти пиёз мувофиқ нест. Дар чунин хок нешзадаҳо аз сафолак осеб дида, хеле тунук  мерӯяд. Барои пиёзкорӣ зироатҳои байни қаторҳояшон нармшавандаи пору  андохта шуда: карам, бодиринг, помидор пешинакишти хуб мебошанд. Баъди ин зироатҳо майдон  аз алафҳои бегона тоза мешавад. Дар ҳамон як майдон танҳо баъди 4-сол пиёз коштан  мумкин аст.

Тайёр кардани замин барои кишт.  Тайёр кардани майдон аз шудгори чуқурии (25-30  см) тирамоҳ сар мешавад.  Пиёз  ба нуриҳои  органикию  минералӣ  серталаб  аст, аммо  андохтани  поруи  нав  таъсири  манфӣ  дорад: аз он пухта расидани пиёз  кашол меёбад, аксар вақт касал мешавад, нигоҳдориаш  бад  мегардад.  Инчунин,  ҳангоми  андохтани  поруи  нав,  дар  киштзор  алафҳои  бегона  зиёд  мешаванд, ки  барои  тоза  кардани  он  меҳнати  иловагӣ  лозим  мешавад. Аз ин рӯ,  поруи  навро  ба  зироатҳои  пешинакишт  андохтан  лозим аст.  Ба  ҳар гетар  20-30  тонна  поруи  пусида  ё  компостро  фақат  пеш  аз  шудгори  тирамоҳӣ  меандозанд.  Хуб  мешуд,  агар  якҷоя  бо  пору  ба  ҳар  гетар  500-600 кг  (барои як сотиқ 5-6 кг)  суперфосфат  ва  130  кг (барои як сотиқ 1-1,3) сулфати калий андохта мешуд.

Мӯҳлати кишт.  Дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се мӯҳлат: аввали баҳор, тирамоҳ  ва зимистон мекоранд. Ғайр аз ин, барои гирифтани пиёзи кабуди тирамоҳӣ ва аввалибаҳорӣ тухмиро моҳи август низ мекоранд.

Кишти  аввали баҳории  пиёзро  охири  феврал, аввали март мегузаронанд. Ин мӯҳлати кишт дар  ҷумҳурӣ васеъ паҳн гаштааст. Зеро сабзаҳои пиёз аз намиҳои хок, ки аз тирамоҳ захира шудааст  ва  намиҳои  аввали баҳор хуб нашъунамо мекунад. Аз кишти  дер (апрел), ҳосили пиёз кам мешавад.  Сабаб дар он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз, назар  ба  бехаш зудтар инкишоф меёбад. Бинобар ин, дар  заминҳои  дер кишткардашуда, растанӣ суст инкишоф меёбад.  Ғайр аз ин, вақте ки боришот кам ва ҳарорат баланд мешавад, нешзанӣ бад мегардад. Пиёзи аввали баҳорӣ моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад.

Кишти тирамоҳии пиёзро даҳаи дуюми моҳи сентябр мегузаронанд  ва нешзадҳо охирҳои  моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр  пайдо  мешаванд. То зимистон 8-10см қад  мекашад. Нағз  реша баста, зимистон аз  сармо  нобуд  намешаванд.  Чунин  кишти  пиёз, фасли баҳор аз алафҳои бегона зарар намебинад ва қариб нарак намешавад. Кишти чунин пиёз аввал ва миёнаҳои моҳи май, яъне се моҳ пеш аз кишти аввалибаҳорӣ  мепазад.

Кишти  зимистонии пиёзро ниммаи дуюми декабр-моҳи январ мегузаронанд то аввали  баҳор, майсаҳо пайдо шаванд.  Аммо, зимни кишти бармаҳал дар зимистони гарм нешзадҳо пайдо мешаванд, ки онҳоро  ба осонӣ сармо мезанад. Пиёзи  зимистонӣ  моҳи  август, аввали сентябр мепазад ва зимистон нигоҳдориаш хуб аст.

Дар вақти павариши пиёз, растаниҳо гулпоя медиҳанд, ки баробари пайдо шуданашон канда, партофтан лозим.

Пиёзро дар вилояти Хатлон дар ҳар се мӯҳлат коридан мумкин аст.

Усулҳои кишт ва коштан.  Дар шариоти хона, баъди шудгор (побел) кардан, заминро бо каланд нарм намуда, кулӯхҳоро майда карда, заминро тахту ҳамвор  кардан лозим. Баъд аз ин, вобаста ба мӯҳлати кишт, ҷӯякҳоро дар масофаи 45-70 см кашидан лозим аст.  Тухмиро дастӣ ба болои пуштаҳо пошида, коридан лозим аст.  Дар вақти пошидани тухмӣ  кӯшиш кардан даркор, ки тухмӣ ба рӯи замин якхлела пош хӯрда,  дар  як ҷой ғафсу,  дар  чои  дигар  тунук  наафтад.  Баъд аз коридан, тухмии пошидашударо бо хаскашак зери  хок  кардан  лозим аст. Дар  вақти  бо хаскашак зери хок кардан, якбора кулӯхчаҳоеро, ки  ҷамъ мешаванд кӯфта, майда мекунанд.

Меъёри (нормаи) кишти тухмӣ ба мӯҳлати кишт ва таъиноти хона вобаста аст.  Зимни кишти баҳорӣ  ба 1 гектар 8-10 кг, дар  вақти  кишти  тирамоҳӣ  ва зимистонӣ ҳам 8-10 кг, барои кишт дар моҳи август барои сабзондани пиёзи кабудӣ 25-30 кг тухмӣ сарф  мешавад.  Тухмиро дар хокҳои вазнин 1,5-2 см, дар хокҳои сабук 2-3 см зери хок  мекунанд.

Дар  Тоҷикистон  навъҳои зерини пиёз ноҳиябандӣ ва тавсия шудаанд: Испании-313, пиёзи сурхи Самарқандӣ, Алдоба, Сибир, Волф-F1, Техаси барвақти ва дар кишти баҳорӣ  Баркат.

Нигохубини киштзор.  Нигоҳубини пиёзи кишти баҳорӣ аз обмонӣ ва намидиҳӣ иборат  буда, то пайдо шудани майсаҳо дар ҳар  3-4  рӯз  об мемонанд.

Пиёзи  баҳор  кошташуда,  баъди 16-18  рӯз,  кишти  тирамоҳӣ  баъди  8-10  рӯз  неш зада  мебарояд, баъди саросар неш задан,  хишова  ва  ягона  мекунанд.

Кишти пиёзро ду маротиба ягонаю хишова мекунанд. Ягонакунии якумро баъди себарга шудан мегузаронанд, ки фосилаи байни растаниҳо 3-4 см монад.  Ягонакунии дуюмро баъди як моҳи дигар мегузаронанд, ки фосилаи байни растаниҳоро 5-6 см мемонанд.

Канда партофтани гулпоя яке аз корҳои ҳатмии пиёзпарварӣ мебошад.  Баҳор дар кишти  пиёзи августӣ ва тирамоҳӣ одатан поягулҳои зиёде пайдо мешавад, ки онҳоро канда  партофтан зарур аст.  Барвақт кандани поягулҳо боиси пурра нобуд шудани онҳо  намегардад ва онҳо аз нав месабзанд.  Поягулҳоро дар вақти пурра саррак пайдо кардан  кандан лозим аст.  Аз сари вақт наканда партофтан бехпиёзҳо хурд шуда, ҳосил кам  мешавад.

Нуриҳо. Ба кишти пиёз дар давраи нашъунаммо  се  маротиба ғизои иловагӣ медиҳанд:  Ғизои якум баъди хишоваи якум, дар ин вақт ба ҳар гектар 130 кг карбамид (барои як сотиқ 1,3 кг) ва  200 кг (барои як сотиқ 2 кг) фосфор мепошанд.  Ғизои дуюмро баъди 20-25 рӯзи дигар ва ғизои сеюмро баъди як моҳи ғизои дуюм медиҳанд.  Ҳам дар ғизои дуюм  ва  ҳам  сеюм  ба  ҳар  гектар 140 кг карбамид (барои як сотиқ 1,4 кг) ва 70 кг (барои як сотиқ 0,7 кг) сулфати калий мепошанд.  Ба  кишти зимистонӣ ва баҳорӣ ғизодиҳиро дар  аввалҳои июл, кишти тирамоҳӣ аввали май қатъ мекунанд.

Ғизои иловагии барзиёд, гарчанд ҳосилро зиёд мекунад, лекин қобилияти дер истодани  пиёзро паст ва миқдори нитрати онро аз миқдор зиёд мекунад, ки барои саломатии одам  зарар дорад.  Бояд гуфт, ки баъди ҳар ғизодиҳӣ об додан зарур аст.

Қайд кардан зарур аст, ки нуриҳоро баъди хишова, ягонакунӣ ва аз алафҳои бегона тоза  кардани киштзор истифода бурдан лозим аст. Баъди ҳар маротибаи истифодабарии нуриҳо ба кишти пиёз ҳатман об мондан зарур аст.

Обмонӣ.  Пиёз зироати ба об серталаб мебошад, бинобар ин, бо сабаби кам шудани  намии хок ҳосили пиёз ҳам кам мешавад.  Миқдори  обмонии пиёз ба шароти иқлим (боду  ҳаво), структураи хок ва талаботи худи растанӣ вобастагӣ дорад.  Вобаста  ба  шароитҳои  дар боло зикршуда, ба кишти пиёз аз 10 то 12 маротиба об мондан зарур аст.

Мубориза бар зидди алафҳои бегона.  Дар муборизаи зидди алафҳои бегона истифодаи гербисидҳо натиҷаи хуб медиҳад.  Бар зидди алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ бо роҳи пошидани хок то кишт ва то неш задани пиёз гербисиди Стомпро  (эмулсияи консентрат 33%) ба миқдори 4-5 л (40-50 мл дар 10 л об) дар як гектар  истифода бурдан мумкин аст.

Мубориза бар зидди ҳашаротҳо.  Пашачаи пиёз яке  аз  ҳашаротҳои ашадии пиёз мебошад.  Пашачаи пиёз дар баргҳо ва дар замин дар қарибии буттаҳои пиёз тухм  мегузорад, ки дар  натиҷа аз тухумҳо кирмчаҳои сафеди майда пайдо шуда, ба пиёз  зарар мерасонад.

Яке аз роҳҳои осони мубориза бар зидди ин ҳашарот ин дар бари  кишти пиёз сабзӣ коридан лозим аст. Бӯи махсуси сабзӣ пашаи  пиёзро метарсонад  ва  паша ба  кишти пиёз кам наздик мешавад. Инчунин, пашаро бо роҳи истифодабарии хокистару креолин тарсондан мумкин аст. Барои  ин  як  ҳисса  креолинро  бо  20  ҳисса хокистар ҳамроҳ карда, дар  байни ҷӯякҳо пошидан лозим мешавад.

Трипси тамоку. Трипсҳои калон зимстонро дар чуқурии 5-7 см мегузаронанд. Трипс баъди зимстонгузаронии аввал дар алафҳои бегона ба тухумгузорӣ сар карда, баъд ба дигар зирроатҳои кишоварзӣ мегузарад. Ин ҳашарот ба 400 намуди растаниҳо зарар мерасонад. Дар давоми сол 4-5 маротиба насл медиҳад. Моддинаи он дар давоми умраш (20-25 рӯз) 100 дона тухум мегузорад.

Трипс ҳашароти маканда буда, шираи растаниҳоро мемакад.

Ин  ҳашарот  ба  пиёз  зарари  калон  мерасонад, ки  ин  ба  камшавии ҳосил оварда мерасонад.

Бар зидди ин ҳашарот фосфамиди 40% (БИ-58-Нав эмулсияи  консентрат)-ро  ба  миқдори 0,8-1 л (15 мл дар 10 л об) дар 1 гектар истифода бурдан мумкин аст.  Истифодабарии аҳрхимикатҳоро 20-30 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил  қатъ кардан лозим аст.

Мубориза  бар  зидди  касалиҳо. Переноспороз.  Ин касалии замбуруғӣ буда, бисёртар  дар фасли баҳор ба пиёз зарар мерасонад.  Касалӣ аввал дар баргҳо пайдо шуда, баъд  ба тамоми растанӣ паҳн мегардад. Касал дар ҳавои намӣ нисбиаш баланд (сернам) ва ҳарорати мӯътадил (13ºС) бисёртар паҳн шуда, дар ҳавои гарми хушк, дар зери шуъои офтоб нест мешавад.

Зимистонро спораҳои замбурӯғ дар ҳосили ҷамъгардидаи бехпиёз ва алафҳои хушкшуда мегузаронад.

Нишонаҳои касалӣ чунинанд: дар рӯи баргҳои пиёз доғҳои сабзӣ баланд ё зардча пайдо  мешаванд. Ин хел растаниҳо аз афзоиш монда, баргҳои онҳо зард шуда, пажмурда мешаванд. Дар ҳолати мубориза набурдан, доғҳо калон шуда, баргҳои пиёз пеш аз мӯҳлат хушк мешаванд.

 

Бар зидди ин касалӣ бо роҳҳои зерин мубориза бурдан мумкин аст: риояи киштгардон, истифода набурдани миқдори зиёди пору якҷоя бо нуриҳои азотӣ, канда ва нест кардани  буттаҳои пиёзе, ки ба касалӣ гирифтор шудаанд.

Аз роҳҳои химиявӣ бошад: истифода бурдани оксиди хлориди мисси 90-фоиза ба  миқдори  2,4  кг  дар 1 гектар ё ин, ки 40 грамм препаратро  дар 10  литр об ҳал намуда,  бо роҳи пошидани дору ба киштзор истифода бурдан мумкин аст. Истифодабарии заҳрхимикатҳоро 20-30 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил қатъ кардан лозим.

Дар ҳолати бисёр пайдо шудани растаниҳои касал препарати Ридомил Голдро ҳам истифода бурдан мумкин аст. Барои ин 20 г препаратро дар 10 л об ҳал намуда, онро ба миқдори 1 л барои 30-35 м² истифода мебаранд. Коркардро бо ин препарат 10–14 рӯз баъд такрор кардан мумкин аст. Коркарди охиронро 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил ба анҷом расонидан лозим аст.

Ҳаминро ҳам қайд кардан зарур аст, ки пиёзи ҳамчун кабудӣ барои баргҳояш истифода мешударо бо заҳрхимикатҳо коркард кардан мумкин нест.

Ҷамъоварии ҳосил. Хушк шудани гарданаи пиёз, пажмурда ва саросар хобидани баргҳо  нишонаи пухтани бехпиёз мебошад.  Агар пиёзи пухтагӣ сари вақт ҷамъ оварда нашавад, он гоҳ баъди 6-8 рӯз сабзиши он баркарор мегардад ва пиёзи дар ин ҳол ҷамъ овардашуда дер намеистад.  Бехпиёзи ҷамъоваришударо дар майдон 6-8 рӯз  мехушконанд.  Баъди хушкондан, баргҳояшонро  бурида мепартоянд, ки барои навъҳои  пиёзи кулулаи пачақ  думчаашро 3-4 см, барои пиёзҳои навъи дарозак 6-8 см думча мемонанд. Баъд пиёзро ба навъҳои молӣ ва ғайримолӣ ҷудо мекунанд.

Илова кунед: