Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Парвариши сирпиёз

18 июня 2018 г., понедельник

Сирпиёз (сир) аз ҷиҳати хӯрокӣ аз пиёз бартарӣ дорад. Донаҳои сирпиёз то 40% моддаи хушк, 25-27% карбогидрат, то 8% сафеда 0,6% равған дорад. Барг ва донаҳои сирпиёз витаминҳои А,С,В ва РР, инчунин равғани эфир дорад. Ғайр аз ин, дар он моддаҳое ҳастанд, ки хосияти баланди дезинфексионӣ (бактериявӣ) доранд. Ин моддаҳо зимни дар намак ва сирко хобондан бо мақсади нест кардани баъзе микроорганизмҳои пӯсонанда, инчунин хуштаъм шудани онҳо истифода бурда мешаванд. Дар хӯрок на танҳо донаҳо (дандончаҳо), инчунин баргҳои ҷавони сирпиёзро истеъмол мекунанд.

Интихоби майдон. Барои руёндани ҳосили баланди сирпиёз, онро дар майдонҳои серпору, моддаҳои органикиаш зиёд, аз алафҳои бегона тоза парваридан лозим аст. Пешинакишти беҳтарини сирпиёз дар киштгардон карам, бодиринг ва лубиёгиҳои барвақтӣ мебошанд, ки баъди онҳо хоки майдон ковок ва аз алафҳои бегона тоза мемонад. Ба майдони сирпиёз ва пиёз кошташуда, танҳо баъди 4 сол сирпиёз коштан мумкин аст.

Тайёр кардани майдон ва нуриандозӣ. Баъди аз зироати пешина холӣ шудани майдон ҷӯяк кашида, оби намиҷамъкунанда монда, баъди 10-12 рӯзи обмонӣ майдонро шудгор ё бо даст нарм  карда, алафҳои бегонаро нобуд кардан лозим аст. Агар имконият бошад,  ба заминҳои наздиҳавлигӣ пеш аз шудгор поруи пӯсидаро аз ҳисоби 2000-3000 кг/ба 10 сотих замин пошидан лозим мешавад. Ба кишти сирпиёз пошидани фосфор ва калий аз ҳисоби 40 кг (фосфор) ва 10 кг (калий) ба 10 сотиқ боиси беҳтар пухтан ва дер нигоҳ доштани он мегардад.

Мӯҳлати кишт. Дар шароити Тоҷикистон  сирпиёзро тирамоҳ шинондан лозим аст. Сирпиёзро тирамоҳ аз даҳаи дуюми сентябр то даҳаи якуми октябр  шинондан лозим аст. 2-3 рӯз пеш аз шинондан сараки сирпиёзро ба донаҳо (дандончаҳо) ҷудо мекунанд. Донаҳои миёна ва калони сирпиёз тухмии беҳтарин мебошанд. Ба 10 сотиқ замин 80-100 кг тухмии сирпиёз лозим мешавад.

Тарзи шинондан: барои кишти сирпиёз нақшаҳои гуногуни кишт тавсия шудааст.  Деҳқонон метавонанд ҷуякҳоро дар масофаи 60 см тайёр карда, дар болои пушта дандончаҳои сирпиёзро се қатор бо нақшаи 60+12:3х8 см, яъне масофаи байни қаторҳо 12 см ва масофаи байни растаниҳо дар қатор 8 см шинонанд. Инчунин сирпиёзро бо нақшаи  45+15:2х8 см, яъне масофаи байни ҷӯякҳо 45 см, дар болои пушта ду қатор ки масофаи байни қаторҳо 15 см ва масофаи байни растаниҳо дар қатор 8 см шинонидан мумкин аст.

 

 

ϓ         ϓ       ϓ                               ϓ       ϓ       ϓ

8см              8см             8см                                                              8см              8см               8см

ϓ 12cm   ϓ 12cm ϓ                               ϓ 12cm ϓ  12cm   ϓ

60cм                                                                                60 см

 

 

 

 

ϓ         ϓ                                   ϓ          ϓ

8см                        8см                                                                       8см                    8см

ϓ   15cm    ϓ                                   ϓ 15см ϓ

45 см                                                          45 см

 

Нигоҳубин. Кишти тирамоҳии сирпиёз аз обмонии намидиҳӣ сар мешавад, то ки донаҳо (дандончаҳо) хуб реша ронанд ва то фаро расидани хунукиҳо ниҳолҳо нағз сабзанд. Тирамоҳ 2-3 маротиба об медиҳанд ва 1-2 маротиба байни растаниҳоро дар вақти зарурат хишова мекунанд. Дар давраи парвариши сирпиёз ду маротиба ғизои иловагӣ медиҳанд. Дар давраи нашъунамои сирпиёз ду маротиба карбамид аз ҳисоби 25 кг (ҷамъ 50 кг) ба 10 сотиқ замин дода мешавад. Моҳи апрел баъди ҳар 10-12 рӯз ва май-июн бади 7-8 рӯз об мемонанд. Дар давраи нашъунамо 8-10 маротиба об дода мешавад.

Ҳаминро ҳам қайд кардан зарур аст, ки деҳқонон дар вақти бех бастани сирпиёз баргҳои растаниро ба ҳам мебанданд ки ин амал нодуруст буда, дар натиҷа равнди мубодилаи моддаҳо ва фотосинтез суст гашта, боиси кам гардидани ҳосили зироат мегардад.

Мубориза бар зидди ҳашарот ва касалиҳо. Ҳашарот ва касалиҳои сирпиёз ва пиёз якхела буда, чораҳои мубориза айнан мисли чораҳои мубориза барои пиёз аст.

Ҷамъоварии ҳосилХушк шудани баргҳои поёнӣ ва зардшавии нӯги баргҳои болоӣ нишонаи пухта расидани сирпиёз мебошад. Ин дар навъи пешпазак охири май, аввали июн ва дар навъҳои дерпазак 2-25 июн фаро мерасад. Дар ҷамъоварии ҳосил дер набояд кард, зеро пӯсти сирпиёзи пухтагузаштагӣ кафида, тухмҳо (забончаҳо) меафтанд. Дар натиҷа ҳосил кам шуда, сифати маҳсулот паст ва нигоҳдории он бад мешавад. Сирпиёзи ҷамъовардашударо  хушконда аз баргҳо тоза намуда ва гулпояашро ба дарозии 3-4 см думча бурида, нигоҳ медоранд.

Илова кунед: