Раёсати чорводорӣ паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ
Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ иттилоъ медиҳад, ки таи 4-5 соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои чорводорӣ рушд ёфта ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ҳамзамон дар ин давраҳо барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳо, асппарварӣ, қутоспарварӣ, занбӯрпарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва биотхнологияи чорво қабул гардида дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Ичунин сол аз сол саршумори чорвои калон, гӯсфанду буз, парранда, истеҳсоли гӯшт , шир , пашм ва тухм зиёд гардида истодааст.
Мавриди зикр аст, ки беҳтар намудани зоти чорво омили асосии афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2006 барои беҳтар намудани зоти чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳамагӣ 80 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъи фаъолият дошта дар онҳо ҳамасола 3300 сар модагов ба таври сунъи бордор карда мешуд. Ба 1.01.2013 шумораи нуқтаҳои бордоркунии сунъи ба 260 адад расонида шуда, зиёда аз 17 ҳазор сар модагов ба таври сунъи бордор карда шудааст. Нисбати соли 2006 миқдори нуқтаҳо 180 адад ва саршумори чорвои сунъи бордоркардашуда 13700 зиёд гардидааст.
Дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ дар ин давра 32 сар чорвои калон, 116 сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ, 25 сар бузи тоҷикии серпашм ва 8 ҳазор дона тухми инкубатсионии зотӣ харидори гардида ба дигар хоҷагиҳо дастрас карда шудааст.
Барои беҳтар намудани кори зотпарварӣ ва баланд бардоштани савияи тахассусии мутахассисони соҳаи бордоркунии сунъии чорво соли 2010 дар минтақаҳои Кӯлобу Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ва вилояти Суғд курсҳои бозомӯзӣ гузаронидашуд, ки дар онҳо 60 нафар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Бо мақсади беҳтар намудани зоти чорвои майда ҳамасола дар хоҷагиҳои гӯсфанду бузпарварии ҷумҳурӣ 25 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъи ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо 24-25 ҳазор сар меш ва модабуз ба таври сунъи бордор мегардад.
Инчунин барои беҳтар намудани зоти чорво ва муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд. Дар ин давра 135 адад клиникаҳои хусусии байторӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо хизматрасонии байторӣ, фурӯши маводҳои байторӣ ва бордоркунии сунъи ба роҳ монда шудааст.
Соҳаи қутоспарварӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ соҳаи асосӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи амалишавии Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ саршумори қутос дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 23300 сар расонида шудааст, ки нисбати соли 2006 8300 сар (55%) зиёд мебошад.
Инчунин шумораи хоҷагиҳои қутоспарварӣ аз 38 адад ба 62 адад расонида шудааст, ки нисбати соли 2006 24 адад зиёд мебошад. Таъсиси хоҷагиҳои қутоспарварӣ ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2008-2012 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 1610 сарқутос аз ноҳияи Мурғоб харидори гардида ба дигар ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ дастрас карда шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари Давлат бо назардошти минтақаи туризм ва сайёҳӣ эълон гардидани ноҳияҳои Балҷувону Варзоб ва дар оянда пешкаши сайёҳон гардонидани гӯшти парҳезии қутос дар ин ноҳияҳо ба тариқи омӯзиши парвариши қутос ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи соҳавӣ солҳои 2008 дар ноҳияҳои Айнӣ, 2009, 2011 дар ноҳияи Ҷиргатол ва соли 2012 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ машваратҳои ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи қутоспарварӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо мутахассисон, олимони соҳа ва роҳбарону мутахассисони хоҷагиҳои қутоспарварии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо барои пешрафти соҳа замина гузошт.
Соҳаи асппарварӣ низ рушд ёфта истодааст. Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ КВДҶ «Асппарвар» ташкил гардид, ки айнизамон дар корхона 87 сар аспҳои зоти англисӣ ва тоҷикӣ парвариш ёфта истодаанд.
Дар доираи татбиқи Барномаи соҳавӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари Давлат ҳамасола бахшида ба Идҳои Миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ чорабиниҳои Пойга баргузор карда мешавад, ки дар он хоҷагиҳои асппарварӣ ва дӯстдорони асп аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Барои тоза намудани хуни аспҳои зоти тоҷикӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ аспҳои хушзоти англисӣ ворид карда шуд.
Барои рушди соҳаи занбӯрпарварӣ шароити иқлимию табиии ҷумҳурӣ ҳаматарафа мусоидат менамояд. То соли 2006 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 49600 оилаи занбӯри асал парвариш ётфа, соле то 800-900 тонна асал истеҳсол мегардид. Ба 1.01.2013 миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 195 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 3280 тонна расонида шудааст, ки нисбати соли 2006 оилаҳои занбӯри асал 145400 оила (3,9 маротиба) ва истеҳсоли асал 2380 тонна (3,6 маротиба) зиёд мебошад.
Ҳамзамон то соли 2006 базаи моддию техникии КВДЗ «Асали Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ коста гардид дар он ҳамагӣ 200 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешуд. Айни замон бошад дар корхонаи мазкур 3000 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст, ки нисбати соли 2006 2800 оила (15 маротиба) зиёд аст. Дар ин давра сехи коркарди мумии варақӣ ба кор омода карда шуда, маҳсулоти он пешкаши занбӯрпарварон гардонида шудааст.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар ин давра 3000 ҳазор оилаи занбӯри асал ташкил гардида ба занбӯрпарварон дастрас карда шудааст. Дар соҳаи занбӯрпарварӣ ҳамкориҳо бо дигар давлатҳо барқарор гардида, аз Федератсияи Руссия 100 адад модарзанбӯри зоти карпатӣ ворид карда шуда, инчунин ба Федератсияи Руссия 1500 оилаи хурд ва ба Ҷумҳурии Афғонистон 130 оилаи хурди занбӯри асал ба фурӯш бароварда шудааст.
Ҳамасола дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари Давлат бо мақсади таъмини аҳоли бо маҳсулоти асал дар моҳҳои август-сентябр чорабинии Иди асал баргузор карда мешавад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ мусоидат хоҳад кард.
Соҳаи моҳипарварӣ рӯз то рӯз тараққӣ меёбад. Дар натиҷаи амалишавии Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 8 адад ба 150 адад расонида шуд, ки нисбати соли 2008 18,7 маротиба зиёд мебошад. Ҳамзамон истеҳсоли моҳии молӣ низ афзоиш ёфта, тибқи маълумотҳои оморӣ ба 1.01.2013 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1113 тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2006 862 тонна (4 маротиба) зиёд аст.
Дар давраи солҳои 2009-2012 барои амалишавии Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 20 млн кирминамоҳиҳо, 1147523 дона моҳичаҳои намуди зағорамоҳи ва гулмоҳӣ, инчунин 428 адад турҳои моҳидорӣ ва 4 адад қайиқҳои муҳаррикдор харидорӣ ва ворид гардидааст. Миқдори зикргардидаи кирминамоҳиҳо, моҳичаҳо ва таҷҳизотҳои моҳидорӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шудааст.
Бо дастгирии бевоситаи Сарвари Давлат соҳаи паррандапарварӣ низ рушд ёфта истодааст. Бояд қайд кард, ки то қабули Барнома дар миқёси ҷумҳурӣ 8 адад корхонаҳои паррандапарварӣ фаъолият дошта, дар онҳо 433753 сар парранда парвариш ёфта 24 миллиону 800 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои паррандапарварӣ марҳила ба марҳила барқарор гардида шумораи онҳо ба 23 адад расонида шуд. Мутобиқи маълумотҳои КВД «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ то 1.01.2013 дар ин корхонаҳо 1 миллиону 546 ҳазор сар парранда парвариш ёфта, соли 2012 дар онҳо 171 миллион дона тухм истеҳсол гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки нисбати соли 2006 дар корхонаҳои паррандапарварӣ саршумори парранда 3,5 маротиба, истеҳсоли тухм 7 маротиба зиёд шудааст.
Дар 12 корхонаи соҳа технологияи ҳозиразамони аз ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Туркия, Россия, Украина оварда насб карда шуд. ҶДММ «Тарз» ва ҶДММ «Наврӯз»-и шаҳри Ваҳдат таҷҳизотҳои нави ҳозиразамонро аз Ҷумҳурии Украина ва Туркия харидорӣ гардида васл карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳ мондани истеҳсоли хӯрокаи омехтаи парранда хатти коркарди хӯроки парранда дар корхонаи ордбарории ноҳияи Ҷ.Румӣ омодаи кор мебошад. Барои бо мутахассисон таъмин намудани соҳаи паррандапарварӣ дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли панҷум аст, ки ихтисоси паррандапарвар ташкил гардида, зиёда аз 80 нафар донишҷуён таҳсил намуда истодаанд.
Дар ин давра корхонаҳои паррандапарварӣ ва сехҳои чӯҷабарорӣ марҳила ба марҳила чӯҷа истеҳсол намуданд, ки онҳо ҳамасола зиёда аз 300 ҳазор сар чӯҷа ба фурӯш мебароранд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе машварати ҷумҳуриявии роҳҳои рушди соҳаи паррандапарварӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ ва меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Россия, Украина ва Узбекистон ширкат варзиданд.
Беҳтар намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ барои мустаҳкам намудани базаи хӯрока заминаи мусоид мегузорад. Бо ин мақсад Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 тасдиқ карда шуд. Аз соли 2009 то 2015 ҳар сол бо таври куллӣ беҳтар намудани 150 — 200 гектар чарогоҳҳо дар назар аст. Дар давраи солҳои 2009-2012 аз ҳисоби маблағҳои Барнома 715 гектар чарогоҳҳо бо роҳи куллӣ ва сатҳӣ беҳтар карда шуданд.
Ҳамзамон барои амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати дар панҷ соли оянда бо гӯшт ва шири истеҳсоли худӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.2012 таҳти №701 «Дар бораи ташкил намудани комплексҳои чорвои хушзоти ширдеҳ ва гӯштӣ» ба тавсиб расид. Тибқи қарори мазкур ба Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки барои ташкил намудани комплексҳои чорвои хушзоти ширдеҳ ва гӯштӣ, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ, дар ҳудуди ҳар як шаҳру ноҳия бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва қарзҳои бонкӣ дар давраи солҳои 2013-2015 чораҳои амалӣ андешанд.
Вазорати кишоварзӣ дар оянда низ барои беҳтар намудани вазъи соҳаи чорводорӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.