Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати растанипарварӣ

18 июня 2018 г., понедельник

Фаъолияти Раёсати растанипарварӣ дар асоси Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи растанипарварӣ, Низомномаи раёсат ва нақшаи  кории раёсат ба роҳ  монда шудааст.

Дар раёсат вобаста ба самти растанипарварӣ ҳар як соҳа ва истифодаи оқилонаи обу замин дар байни мутахассисон вобаста карда шудааст.

Инчунин раёсат бо Муассисаи давлатии муҳофизати растанихо ва химикунонии кишоварзӣ, Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» ва бо Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварии «Тоҷикниҳолпарвар»  кор мебарад.

Ҳуҷҷатҳое, ки таъмини иҷрои онҳо асоси фаъолияти Раёсати растанипарварӣ мебошад.

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2014, № 727 «Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019»;

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, № 165 «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016-2020»

-таъмини иҷрои нақша чорабинии вазорат вобаста ба вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 бар меоянд;

-таҳия ва пешниҳод намудани Дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-андешидани чораҳо ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, аз ҷумла ба роҳ мондани диверсификатсияи  зироатҳои кишоварзӣ;

-назорат аз рафти шудгори заминҳо, кишти тирамоҳию баҳории зироатҳои ғалладонагӣ, картошка, сабзавот, пахта, хўроки чорво ва кишт дар гармхонаҳои доимӣ;

-муайян намудани ҳосили интизории (биологӣ) зироатҳои ғалладонагиҳо, пахта дар хоҷагиҳои  ҷумҳурӣ;

-таҳлили натиҷаҳои баҳисобгирии кишти зироатҳои кишоварзӣ (шакли 4- кишоварз);

- вобаста ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2014, № 727 «Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» гузаронидани инвентаризатсияи яхдону сардхонаҳо, нигоҳдории маҳсулот дар онҳова пешниҳоди маълумоти ҷамъбастӣ оид ба иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат;

-вобаста ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, № 165 «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016-2020» гузаронидани инвентаризатсияи  бунёди боғу токзор дар ҷумҳурӣ;

-тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 гузаронидани иди «Сада ва намоиши зироатҳои кишоварзӣ», намоиши ниҳолҳо таҳти унвони «Самараи умри деҳқон», «Иди каду», «Иди харбузаву тарбуз», «Иди меҳргон», фестевал-намоиши шолӣ ва биринҷ, озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот масъул мебошад.

Иҷрои дигар супоришҳои роҳбарияти вазорат вобаста ба масъалаҳои  самти  Раёсати растанипарварӣ таъмин карда мешавад.

 

Илова кунед: