Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати робитаҳои байналмиллалӣ, илм ва татбики дастовардҳои илмӣ

18 июня 2018 г., понедельник

Вазифаи асосии муассисаҳои илмии Академия офаридани навъҳои наву дурагаҳои серҳосили зироатҳо, дарахтони мевадиҳанда, сабзавоту картошка, зоту типҳои сермаҳсули чорво, коркарди технологияи самараноки парвариши онҳо, гирд овардан, омӯхтану нигоҳ доштани захираҳои генетикӣ, усулҳои самараноки ҳифзи растаниҳо ва чорво аз касалиҳою зараррасонҳо, таҳияи усулҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва пешгирии он аз таназзулёбӣ, таҳия ва такмили мошинҳои кишоварзӣ, гузаронидани таҳқиқотҳо оид ба масъалаҳои иқтисодиёти кишоварзӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии баландихтисос иборат мебошад.

Олимони Академия дар соҳаи растанипарварӣ 48 навъҳои зироатҳои кишоварзиро офарида, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва аз онҳо 21 навъҳои зироатҳо минтақабоб гардиданд. Аз он ҷумла, пахтаи миённах – 8 навъ, ғалладонагиҳо – 3, лӯбиёгиҳо – 4, зироатҳои равғандиҳанда – 2 ва хӯроки чорво – 4, меваю сабзавот 8 навъ. Навъҳои гандуми серҳосили тирамоҳӣ дар шароити ВМКБ муайян карда шуд.

Ду зоти нави кирмаки абрешим «Тоҷикистон-1» ва «Тоҷикистон — 2» ва дурагаҳои сермаҳсули онҳо дар истеҳсолот татбиқ гардид. Инчунин навъҳои нави дарахтони тут «Суғдиён-1» ва «Суғдиён-2» офарида шуда, ҳоло хоҷагиҳо бо кӯчати онҳо таъмин шуда истодаанд.

Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимони Академия оид ба растанипарварӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба таври васеъ татбиқ шудаанд. Аз он ҷумла, навъҳои пахтаи маҳиннахи олимони тоҷик дар 100% ва пахтаи миёнанах дар зиёда аз 70 % майдони кишти ҷумҳурӣ парвариш карда мешаванд. Майдони кишти навъҳои зироатҳои лӯбиёгӣ ва хӯроки чорво ба 100%, ғалладонагиҳо ба 40% ва равғанидиҳанда ба 30 % майдони умумии ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар соҳаи боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ олимони Академия 25 навъҳои нави серҳосилро офариданд, ки 10-тои онҳо минтақабоб гардид. Аз он ҷумла, 5 навъи дарахтони мевадиҳанда, 1 навъи ангур, 2 навъи сабзавот ва 1 навъи картошка мебошад. Инчунин навҳои картошкаи серҳосил ва мутобиқ ба шароити ВМКБ муайян карда шуд.

Оид ба беҳдошти механизатсияи соҳаи кишоварзӣ аз тарафи олимони Академия 2 мошину мошинолотҳо оид ба коркарди хок ва кашидани палу пуштаҳо офарида шуда, ба истеҳсолот пешниҳод гардид.

Дар Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ аз Институти умумиросиягии растанипарварии ба номи академик Н.И.Вавилов (Санкт Петербург) 1130 навъу намунаҳои зироатҳои ғалладонагию лӯбиёгиҳо ва хӯроки чорвои маҳаллии Тоҷикистон ба захирагоҳ бозгардонида шуд. Даҳ маротиба таҳқиқотҳои экспедитсионии байналмилалӣ гузаронида, 2651 навъу намунаҳои зироати кишоварзӣ аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гирд оварда шуд. Ҳоло бо кӯмаки ташкилоти байналмилалии НордГен – СИДА Шветсия Бонки захираҳои генетикии дарозмуддат сохта шуд, ки дар он 6445 тухмии навъу намунаҳои зироатҳои маҳаллӣ нигоҳ дошта шуда, онҳо дар корҳои селексионӣ истифода мешаванд.

Бо дастгирии Маркази байналмилалии Фонди Глобалии Боваринок, Маркази захираҳои генетикӣ зироатҳои ғалладонагӣ, аз ҷумла 1022 ҳазор навъу намунаи гандум ва 624 навъу намунаи ҷавҳои маҳаллӣ барои нигоҳ доштан ба муддати садсолаҳо дар захирагоҳи Қутби Шимолӣ давлати Норвегия — Свалборд ва нусхаи онҳо ба Институти илмию таҳқиқотии умумироссиягии растанипарварии ба номи акад. Н.И. Вавилови ш.Санкт Петербург фиристонида шуд.

Олимони Академия дар соҳаи хокшиносӣ усулҳои самараноки баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои беҳтар ва барқароркардашуда, технологияи рӯйпӯшкунии суфазинаҳо дар бунёди боғу ангурзорҳо, кишти тасма-тасмаи зироатҳои кишоварзӣ, роҳҳои самаранок истифодабарии захираи намии боришотҳои табиӣ ва меъёрҳои истифодабарии нуриҳо, усулҳои ба танзим даровардани обёрӣ, пешгирии дуюмбора шӯршавии заминҳои шӯри минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро кор карда бароварданд.

Олимони Академия дар соҳаи чорводорӣ бузҳои серпашми зоти тоҷикиро бо пашми баландсифат офарида, хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои гову гусфандон ва парандаҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбандаро такмил доданд.

Аз ҷониби олимон гурӯҳҳои селексионӣ ва ҷавҳари зотии говҳои сергӯшт ва гӯсфандон дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ офарида шуданд, ки хусусиятҳои ирсию  маҳсулнокии онҳо ба 15-20 % беҳтар мебошад.

Инчунин кроссҳои сермаҳсули мурғони сертухм, ки ба шароити иқлимию истеҳсолии ҷумҳурӣ бештар мутобиқ буда, сифати тухми онҳо баланд мебошад, муайян карда шуд. Меъёрҳои мӯътадили истифодаи иловаҳои ғайрианъанавии серсафеда ва минералдори маҳаллӣ дар хӯроки мурғон кор карда шуд.

Технологияи пешқадами нигоҳубини занбӯри асал дар фасли зимистон ва гирифтани маликазанбӯрони барвақтӣ муайян карда шуд, ки барои зиёд намудани маҳсулнокии онҳо то 25-30 % мусоидат менамояд.

Олимони Институти ветеринарӣ ва Корхонаи илмию истеҳсолии “Маводи биологӣ” бори аввал дар ҷумҳурӣ 3 бемориҳои чорво (тоуни чорвои хурди шохдор, плевро-пневмонияи сирояти бузҳо, вараҷаи қатари гӯсфандон) ва вируси бемории вабои сумдарди ҳайвонот- намуди “О” ва “А” дарёфт намуда, роҳҳои ташхис, пешгирӣ ва табобати ин бемориҳоро кор карда баромаданд. Оид ба пешгирӣ намудани касалиҳои чорво зиёда аз 10 намуди ваксина таҳрезӣ ва истеҳсоли онҳо ба роҳ монда шуд. Зиёда аз 240 ҳазор воя ваксинаҳо барзидди касалиҳои сироятии чорво истеҳсол ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Бори аввал усулҳои навини ташхиси бемориҳои чорвою паранда бо истифодаи таҷҳизотҳои ҳозиразамони ЭЛАЙЗА ва ПСР ба роҳ монда шуд.

Инчунин барои ташхис ва муолиҷаи касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятии чорво зиёда аз 20 тавсияномаҳо таҳия ва нашр гардид.

Оид ба беҳдошти иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ аз тарафи олимони Академия тавсияҳо оид ба беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, пешбурди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, самтҳои сармоягузории соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифодабарии онҳо, беҳсозии шароити иҷтимоии деҳот ва роҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ омода гардидааст.

Олимони Академия дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳиби 53 патент ва шаҳодатномаҳои ихтироъкорӣ гардиданд.

Маълумотҳо аз руи ҳисоботи АИКТ гирд оварда шудааст.

Илова кунед: