Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардхои селексионӣ

18 июня 2018 г., понедельник

Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ низоми сохтори таркибии Дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои пешбурди ҳамаҷонибаи соҳаи тухмипарварӣ ва колатдор мебошад. Раёсат фаъолияти худро бевосита дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳо, шӯъбаҳои ва ташкилотҳои зертобеъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин дар робита бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмиллалӣ, ки дар соҳаи тухмипарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, амалӣ мегардонад.

Раёсат ба фаъолияти ташкилотҳои зертобеъи Вазорат, ки дар соҳаҳои селексияи навъҳои нави растанӣ, санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳо, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, захира, воридоту содирот ва фурӯши тухмӣ машғуланд, роҳбарӣ менамояд.

 

Раёсат вазифаҳои зеринро ба ӯҳда дорад:

— таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ — аз баровардани навъи нави растанӣ то истеҳсол ва фурӯши тухмӣ;

—  таъмини мониторинги соҳаи тухмипарварӣ;

— таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, дастурамалҳо, меъёрҳои зарурӣ оид ба соҳаи тухмипарварӣ;

— таҳияи пешниҳодот оид ба рушди селексияи растанӣ ва тухмипарварӣ;

— дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозӣ ва таъмини ӯҳдадориҳое, ки нисбати соҳаи тухмипарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конвенсияҳои байналмиллалӣ ва шартномаю созишномаҳои байналмиллалӣ ба зима гирифтааст;

— бо тартиби муқарраргардида тартиб додани номгӯи истеҳсолкунандагон, ворид ва содиркунандагони тухмӣ ва бо низом нигоҳдории онҳо;

— пешкаш намудани дастурҳои методикӣ нисбати санҷиши расмии навъи растанӣ, истеҳсол, такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯш, воридоту содироти тухмӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеъии дар ин соҳа фаъолияткунанда;

— ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи селексияи растанӣ ва тухмипарварӣ;

— назорати кори хоҷагиҳои тухмипарварӣ;

— расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ дар тайёр намудани тухмии репродуксияҳои баланд;

—   гузаронидани апробатсияи майдонҳои кишти тухмии пахта, картошкаи тухмӣ, зироатҳои ғалла, лӯбиёгиҳо ва хӯроки чорво.

Илова кунед: