Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Технология истеҳсол ва захира намудани силоси ҷуворимакка

18 июня 2018 г., понедельник

Силостайёркуни – ин тарзи биологии тайёр намудани хӯрокиҳои сабз, ширадор бо мақсади нигоҳдории максималии модаҳои ғизоӣ ва витаминҳо мебошад. Дар ҳолати риоя намудани технологияи пурраи тайёркунии силос нестшавии элементҳои ғизоии хӯрока то 10%-ро ташкил медиҳад, дар ҳолате, ки ин нишондод ҳангоми хушконидан ва тайёркунии беда аз 25 то 40%-ро ташкил медиҳад. Асоси силостайёркунӣ ин реаксияи туршшавӣ ба воситаи бактерияҳои туршкунанда, ки кислотаи ширӣ истеҳсол мекунанд, мебошад. Бо риояи ҳатмии коркарди ҳосили зироатҳои хӯроки чорво силоси сифати баланд тайёр намудан мумкин аст. Чунин силос ранги сабз дошта, каме бӯи туршӣ мекунад. Ин тарзи оддӣ ва бовариноки нигоҳдории хӯрокиҳои ширадори чорво мебошад. Вай ба таври васеъ истифода бурда мешавад ва барои истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, махсусан шир, аҳамияти муҳим дорад.

Силос якчанд хусусиятҳои махсуси фоиданок барои чорводорӣ дорад:

  • Ҳамчун хӯроки ширадор иштиҳои чорворо баланд мебардорад.
  • Ҳазмкунии хӯрокиҳои дигарро беҳтар мегардонад.
  • Дар муқоиса бо дигар намуди хӯрокиҳо захиракунии вай, аз боду ҳаво кам вобастагӣ дорад ва дар мудати кӯтоҳ анҷом дода мешавад.
  • Организмро бо витаминҳо ва моддаҳои органикӣ таъмин менамояд.
  • Маҳсулнокии чорвои ширдеҳро зиёд мекунад.

Омилҳои зерин ба сифати хуби силоси ҷуворимакка мусоидат менамоянд:

  1. Тайёркунии чоҳ ва плёнка.
  2. Мӯҳлати ҷамъоварии ҷуворимакка барои силосхобонӣ.
  3. Намнокии муқарарӣ ва дарозии майдакунӣ.
  4. Истифодабарии консервантҳо.
  5. Шиббакунӣ, махкамкунӣ ва нигоҳдорӣ.

 

  1. 1.     Тайёркунии чоҳ ва плёнка

Вақтҳои охир барои нигоҳдории силос аз чоҳ ва плёнка истифода мебаранд, ки онро то саршавии силосхобонӣ тайёр кардан лозим аст. Барои ин чоҳи силосхобониро пурра тоза карда, сӯрохӣ ва чуқуриҳои мавҷудбударо маҳкам кардан лозим аст, то ба массаи силосшаванда ҳаво надарояд. Роҳравҳои бари чоҳро мустаҳкам кардан лозим аст, то ба дохили чоҳ ифлосиҳо нарезанд. Дезинфексия кардани чоҳи силосхобонӣ низ зарур аст.

 

  1. 2.        Мӯҳлати ҷамъоварии ҷуворимакка барои силосхобонӣ

Ҷуворимакка вобаста ба таркиби химиявӣ ва баҳои ғизоияш беҳтарин зироат барои хобондани силос ба ҳисоб меравад. Ҷуворимаккаро дар ҳама мӯҳлатҳои инкишофаш силос хобонидан мумкин аст. Лекин беҳтарин мӯҳлати силосхобонияш ин давраи саршавии ширагирии донааш мебошад. Барои гирифтани силоси ҷуворимаккагии хушсифат намнокии он бояд 60-70% ва хушкияш 30-35%-ро ташкил диҳад. Дар ин ҳолат талафоти силосхобонӣ кам шуда, қобилияти истеъмолшавияш баланд мегардад.

 

  1. 3.     Намнокии муқарарӣ ва дарозии майдакунӣ

Сабаби асосии тайёр кардани силоси ҷуворимаккаи бесифат–ин намнокии зиёди ҷуворимакка (80% ва боло) дар давраи дарав мебошад.

Агар намнокии ҷуворимакка 70% ва аз ин паст бошад, дар вақти силосхобонӣ ва шиббакунонӣ шарбаташ ҷорӣ намешавад ва дар чоҳ шароити мусоид барои тарақи кардани бактерияҳои туршкунанда (молочнокислых) пайдо мешавад. Барои ҳамин бисёр хуб мешуд агар намнокии ҷуворимакка дар вақти дарав аз 70% баланд набошад. Барои муайян кардани намноки як миқдор ҷуворимаккаи майдакардашударо дар даст (мушт) гирифта ба мӯҳлати 20-30 сония мефишурем. Агар ҷуворимаккаи майдакардашуда таъғир наёбад ва дар натиҷаи фишурдан моеъ ҷорӣ шавад ин маънои онро дорад, ки намнокияш аз 75% боло аст ва аз он силоси пастсифат истеҳсол мешавад. Агар ҷуворимаккаи майдакардашуда дар натиҷаи фишурдан тағир наёбад ва моеъ кам ҷорӣ шавад ин мефаҳмонад, ки намнокияш 60-70% мебошад ва аз он силоси хушсифат тайёр кардан мумкин аст. Агар ҷуворимаккаи майдакардашуда тез ҷудо шавад – намнокияш аз 60% паст мебошад ва сифати чунин силос бо сабаби кам будани намигарӣ барои тарақиёти бактерияҳои туршкунанда, он қадар хуб намешавад.

Дар вақти ҷамъоварии ҷуворимакка ба дарозии майдакунӣ ва баландии дарави он аҳамияти ҷиддӣ додан лозим аст, зеро сифати силос ба онҳо низ вобастагии колон дорад. Вобаста аз мӯҳлати дарави ҷуворимакка дарозии майдакунии он бояд аз 2  то 4 см ва баландии дарав 40-45 см-ро ташкил диҳад.

  1. 4.     Истифодабарии консервантҳо

Солҳои охир майл барои истифодабарии консервантҳо барои силосхобонӣ афзуда истодааст. Консервантҳо барои ба мӯътадил овардани мӯҳлати туршшавӣ мусоидат менамоянд. Илова намудани консервантҳо дар вақти силосхобонӣ ба дуруст тағирёбии таркиби хӯрока мусоидат менамоянд. Бо таъсири онҳо дар соатҳои аввали силосхобонӣ туршавӣ сар мешавад, ки ин ба сифати хуби силос мусоидат менамояд.

Аз консервантҳо бо таври васеъ кислотаи бензой, маҳлули Битасил, намаки ошӣ истифода бурда мешавад. Меъёри истифодабарии консервантҳо дар 1 тонна силос ба ҳисоби миёна аз 2 то 5 кг-ро ташкил медиҳад.

  1. 5.     Шиббакунӣ, маҳкамкунӣ ва нигоҳдорӣ

Барои нигоҳ доштани моддаҳои ғизоӣ ва сифати силос мӯҳлати пур кардани чоҳ аҳамияти калон дорад. Барои он ки ҳаво ба массаи силосшаванда надарояд ғафсии ҳаррӯзаи силосхобонӣ дар чоҳ бояд аз 80 см кам набошад. Шарти асосии гирифтани хӯрокаи баландсифат – ин шиббакунӣ мебошад. Дар вақти шиббакунӣ ба деворҳои бари чоҳ бояд диққати махсус дода шавад.

Яке аз талаботи асосӣ дар вақти хобондани силос – ин пурра маҳкам кардани чоҳ баъд аз пур шуданаш мебошад. Вақте мо чоҳро маҳкам мекунем, даромадани ҳаво ба чоҳ қатъ мегардад. Беҳтарин материале, ки  силосро аз даромадани ҳаво нигоҳ медорад – ин плёнкаи полиэтиленӣ мебошад, ки ба таъсири нуриҳои офтоб ва хунукӣ тобовар мебошад. Хуб мешуд агар плёнкаро бо таъсири гармӣ пайваст кунем, дар ин ҳолат мо 10-20% плёнкаро сарфа мекунем ва чоҳ хубтар махкам мешавад. Мӯҳлати силосхобонӣ дар ҳолати беҳавоӣ мегузарад, барои ҳамин пурра маҳкам кардани чоҳ бо плёнка ҳатмист. Дар вақти кушодан чоҳи силосро ба паҳмӣ ва баландиаш кушодан лозим аст, ки бо расидани ҳаво сифаташ паст нашавад.

 

  1. 6.     Хӯронидани силос ба чорво

Силос аз ҷуворимакка, офтобпарст ва дигар алафҳои тоза, дар ҳолати дуруст тайёр карданашон баъди 25-30 рӯз  барои истифодабарӣ тайёр мешавад. Дар ин ҳолат, вай бояд буйӣ хуши туршмазза  дошта бошад. Намуди табии зироати истифодашуда, бо каме тағйирот, боқи мемонад. Ин намуд силос хуштаъм буда, ба раванди ҳазмшавии хӯрока таъсири мусбат мерасонад ва ба ҳамаи ҳайвоноти хонагӣ хӯронида мешавад.

Говҳои душоиро, ба миқдори то 8кг силос дар 100кг вазни зинда, мехӯронанд. Ҷавонаҳои аз 1 сола калонро ба миқдори 8-10кг дар як шабонарӯз силос медиҳанд. Ҷавонаҳои то як соларо аз 2-моҳагӣ ба хӯронидани силос одат мекунонанд ва ин нишондодро дар як солагӣ ба миқдори дар боло зикргардида мерасонанд.

Хар ва аспро ба миқдори 6-8 кг дар як шабонарӯз силоси хушсифат  медиҳанд.

Ба чорво силоси бадсифат, пӯсида, рангаш сиёҳро хӯронидан мумкин нест. Дар натиҷаи хӯронидани чунин силос чорво ба касалиҳои органҳои ҳозима ва нафаскашӣ гирифтор шуда, боиси пастшавии маҳсулнокии он ва пайдоиши дигар ҳолатҳои дардмандии чорво мегардад.

Илова кунед: