Технологияи парвариши чормағзи заминӣ
Чормағзи заминӣ
Чормағзи заминӣ — яке аз зироатҳои пурқиммати равғандор мебошад. Таркиби мағзи он тақрибан 60% равған ва 35% сафеда дорад. Равғанаш бошад, дар истеҳсолот барои тайёр кардани консерваҳо, маргарин, собунпазӣ ва тиб васеъ истифода бурда мешавад. Баъди гирифтани равған дар таркиби кунҷораи вай то 45% сафедаҳо ва 8% равған боқӣ мемонад. Кунҷораи чормағзи заминиро дар тайёр кардани консерваҳо, ҳалвоҳо ва дигар маҳсулоти қаноддӣ истифода мебаранд. Дони онро бе коркард ҳам истеъмол кардан мумкин аст. Баргу пояашро бошад, барои хӯронидани чорво истифода мебаранд. Аз чормағзи заминӣ аз 1,5 -1,8 то 3,5 – 4 т аз гектар ҳосили дон гирифтан мумкин аст.
Хусусияти биологӣ. Чормағзи заминӣ растании яксола буда, ба оилаи лубиёгиҳо таалуқ дорад. Растанӣ ду намуд дорад, поядори дарозпалак ва буттагӣ. Решаҳояш дар хок васеъ паҳн шуда, то чуқурии 1,5 м дар хок медароянд. Баъди бордоршавӣ, гулҳо дароз шуда, гинофор ба вуҷуд меоранд, ки онҳо 5-6 рӯз ба боло амал карда, баъд ба поён хам шуда, ғураи гулро дар хок то чуқурии 8-10 см медароранд. Баъди ин ғилофакҳо пайдо мешаванд, ки ҳар яки он 3-5 дона дорад. Шакли донаҳои чормағзи заминӣ дарозак ва гирдак мешавад. Вазни 1000 дона тухмиаш ба 300-500 г баробар аст.
Чормағзи заминӣ растании гармидӯст буда, тухмии он дар ҳарорати 12°С ба сабзидан сар мекунад. Сабзаҳои навбаромадаи чормағзи заминӣ ба хунукӣ бисёр ҳасос буда, дар ҳарорати -1°С мемиранд. Ҳарорати мӯътадил барои сабзиши растаниҳо 25-28°С мебошад. Дар ҳарорати аз 12°С поёнтар ҳосилбандӣ қатъ мегардад. Дар хунукиҳои тирамоҳ, ки ҳарорат -2°С дараҷаро ташкил медиҳад, баргу пояашро хунук мезанад ва дар хунукии -3°С дараҷа бошад, тухми он қобилияти сабзишро гум мекунад. Чормағзи заминӣ дар давраи гулкунӣ ва то охири ҳосилбандӣ ба об бисёр серталаб мебошад. Норасоии намӣ дар ин мӯҳлат ба қатъ шудани гулкунӣ ва ҳосилбандӣ оварда мерасонад, ин сабаби паст шудани ҳосил мегардад.
Аз шинондан то гулкунӣ чормағзи заминӣ ба об камталаб буда, ба хушкиҳои на чандон дурудароз тобовар аст.
Ҳангоми пухтани ҳосил талаботи растанӣ ба об кам мегардад ва намии зиёд дар моҳи август ба кашолёбии пухтани ҳосил оварда мерасонад.
Чормағзи заминӣ растании рӯшноидӯст мебошад. Бинобар ин, ҳангоми интихоби майдон бояд заминҳое интихоб карда шаванд, ки офтобиянд. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ шинондани он дар зери сояи дарахтон тавсия дода намешавад.
Хокҳои таркиби механикиашон сабук барои чормағзи заминӣ беҳтаринанд. Шинондани он дар хокҳои шӯр ва таркиби механикиашон вазнин тавсия дода намешавад.
Давраи нашъунамои чормағзи заминӣ 120-160 рӯзро ташкил медиҳад.
Агротехникаи парвариш. Барои чормағзи заминӣ гандуми тирамоҳӣ ва ҷуворимакка пешинкиштӣ беҳтаринанд. Инчунин, худи чормағзи заминӣ барои бисёр зироатҳо пешинакишти хуб аст.
Чормағзи заминӣ ба элементҳои ғизоӣ серталаб буда, барои ҳосил кардани 1 сентнер ҳосили дон ва баргу пояаш аз хок 6,2 кг нитроген, 1,1 фосфор ва 4 кг калийро мегирад.
Чормағзи заминӣ ба нуриҳои минералӣ серталаб мебошад. Аз ҳамаи намуди нуриҳо дида, ба фосфор талаботи зиёд дорад. Барои гирифтани ҳосили 1,5–1,8 т аз як гектар замин миқдори зерини нуриҳо лозим аст: пору 10-15 т/га, фосфор 40-50 кг/га ва калий 20-30 кг/га. Истифодабарии нуриҳои нитрогению калигӣ ба миқдори 10 кг/га ҳангоми кишт, саршавии гулкунӣ ва ҳосилбандӣ натиҷаҳои хуб медиҳад.
Майдоне, ки барои кишти ин зироат ба нақша гирифта шудааст, бояд дар чуқурии 25-30 см шудгор карда шавад. Пеш аз кишт заминро бояд тахту ҳамвор карда, барои напаридани намӣ чапар задан лозим аст.
Тозагии тухмие, ки барои кишт пешбинӣ карда шудааст, аз 90% ва қувваи сабзиш аз 85% бояд кам набошад. Барои кишт бояд тухмиҳои андозаашон калон интихоб карда шаванд. Тухмиҳои андозаашон хурд барои кишт тавсия дода намешаванд.
Дар минтақаи Қурғонтеппа чормағзи заминиро дар ду мӯҳлат кишт кардан мумкин аст, яъне аввали баҳорӣ, аз даҳаи дуюми моҳи апрел ва тобистонӣ, баъди ҷамъоварии зироатҳои ғалагӣ.
Дар Тоҷикистон навъи Тоҷикӣ-15 барои кишт ноҳиябандӣ карда шудааст.
Ҳангоми расидани ҳарорати 14-15°С дар чуқурии 10 сантиметри хок ба кишти чормағзи заминӣ сар кардан лозим аст. Ҳангоми кишт тариқи шинондани паҳнбар, яъне масофаи байни қаторҳо 70 см ва масофаи байни растаниҳо дар қатор 20-25 см тавсия дода мешавад. Меъёри кишт 50-80 кг/га. Чуқурии зери хоккунии тухмӣ 6 — 8 см.
Миқдори растаниҳо 100 – 120 ҳазор/га.
Ҳангоми нашъунамои растаниҳо байни қаторҳо 3-4 маротиба дар чуқурии 6-8 см бояд нарм карда шавад. Як ду маротиба ҳангоми пайдо шудани гинофорҳо ба бехи растаниҳо бояд хок бардошта шавад. Дар давраи нашъунамо ба кишти чормағзи заминӣ 5-6 маротиба баъди ҳар 15 рӯз об мондан лозим аст. Обмониро пеш аз пухтани ғилофакҳо қатъ кардан лозим.
Мубориза бар зидди ҳашарот. Ба чормағзи заминӣ ширинча, сафедболак ва тортанаккана зарар мерасонанд.
Аз заҳрхимикатҳо бар зидди ширинча препарати талстарро ба миқдори 0,4-0,8 л / га, бар зидди тортанаккана ба миқдори 0,6-1,2 л/га (2мл/10 л об) ва бар зидди сафедболак бошад ба миқдори 1,2-2,4 л/га истифода бурдан мумкин аст.
Ба ҷамъоварии ҳосил ҳангоми пурра пухтани ҳосил ва ба осонӣ аз гинофорҳо ҷудо шудани ғилофакҳо сар мекунанд. Аломатҳои асосии пухтани ҳосил ин ба хушкшавӣ сар кардани ниҳолҳо мебошад. Кӯшиш кардан лозим аст, ки ҳосили пухтарасидаро то боридани боронҳои аввал ҷамъоварӣ кард, зеро дар сурати вуҷуд доштани намии зиёд дар хок, сифати ҳосили ҷамъоваришуда паст гашта, маҳсулот қобилияти дурудароз нигоҳдориашро гум мекунад ва ҳосили ҷамъшуда метавонад пусида равад. Ҳосилро дастӣ бо бел, бо роҳи кандани бехи ниҳолҳо анҷом медиҳанд. Намии ғилофакҳо ҳангоми ҷамъоварии ҳосил аз 20-25% бояд зиёд набошад.
Баъди чидани ҳосил, онро дар ҷои офтобрас (хирманҳо) нағз хушкондан лозим аст. Баъди хушконидан намнокии ғилофакҳо барои нигоҳдори аз 8% бояд зиёд набошад. Cипас ҳосили ҷамъоваришударо дар қуттиҳо ва халтаҳо ҷой карда, дар анборҳои (хонаҳои) ҳавояш нағз ивазшаванда зери ҳарорати 10 то 150с, намнокии нисбии ҳаво 60 — 65% нигоҳдорӣ кардан лозим аст.
Ғилофаки чормағзи заминӣ дараҷаи баланди осебпазирӣ (ба худ гирифтани намӣ, ки дар натиҷа касалиҳои замбуруғӣ пайдо гардида, моддаҳои заҳрнок ҳосил мекунанд) дорад. Аз ин хотир тавсия шудааст, ки ғилофаки чормағзи заминӣ ҳар чӣ зудтар тоза карда шуда, баъд маҳсулот захира гардад.
Адабиёти истифодашуда:
- «Растениеводство», М. 1979
- www.dic.academic.ru.
- www.miққastӯniy.com.ua