Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Технологияи парвариши нихоли сабзавот дар гармхона

18 июня 2018 г., понедельник

Дар шароити Тоҷикистон барои парвариши кӯчати сабзавот парвардахонаҳоро истифода мебаранд.  Шакли парвардахонаҳо гуногун буда якнишеба, дунишеба, аз конструксияҳои металӣ ба таври гирд сохташуда, рӯизаминӣ ё хандакии ба тарзи биологӣ, техникӣ ва аз офтоб гармшаванда мешаванд.

 

Расми 1. Намудҳои гуногуни парвардахонаҳо (гармхонаҳо)

 

 

 

 

 

 

Парвардахонаҳои гармшавиаш биологӣ аз рӯи таъиноташ ва мӯҳлати истифодабариаш ба гарм, нимгарм ва хунк (бепору) ҷудо мешаванд.Дар Хатлон асосан ин намуди:

Парвардахонаи гармро зимистон барои коштани тухмӣ ва парвариши кӯчатҳои помидор, карам, қаламфур ва боимҷон истифода мебранд. Ба воситаи  алов (кумир)дар бухори  гарм карда мешавад.

Парвардахонаи нимгармро баҳорон барои коштани тухмӣ ва парвариши кӯчати барвақтӣ помидор истифода мебаранд. Ба воситаи  алов (кумир)дар бухори  гарм карда мешавад.

Парвардахонаи хунук (бепору) барои парвариши сабзавотхои барвакти  ва бевақтӣ истифода карда мешавад. Чуқурии хандаки кӯчатпарварӣ 25-30 см.

Парвардахонаи офтобӣ ин парвардахонаҳое мебошанд, ки болояшон бо пленка пӯшонида мешавад. Ин парвардахонаҳо танҳо ба воситаи нурҳои офтоб гарм мешаванд. Нурҳои офтоб ба воситаи пленкаи полиэтилении шафоф гузашта, даруни парвардахонаро гарм мекунанд ва пленка гармиро дар дохили парвардахона нигоҳ медорад.

Интихоби тухми ва сифати он

Ҷадвали 1.Талаботи стандартӣ ба сифати тухмиҳои сабзавотӣ

 

 

 

Зироат

Тозагии навъаш на камтар аз %

Тухми сабзавоти асосӣ %

Қобилияти нешзанӣ

%

Намнокии тухмӣ

%

дараҷаи I дараҷаи II дараҷаи I дараҷаи II
Помидор

97

98

96

95

65

11

Боимҷон

92

98

95

75

60

11

Қалмфур

96

98

95

80

60

11

Карам

85

98

95

90

60

8

Пиёз

85

99

95

80

50

11

Бодиринг

90

99

96

90

70

10

 

 

 

 

 

 

 

Ҷадвали 2. Шартҳои сабзиши тухмӣ

 

 

 

Зироат

 

 

Вазни 1000 дона тухмӣ (г)

Муддате, ки тухмӣ сабзишашро нигоҳ медорад

(сол)

Ҳарорати камтарини сабзиши тухмӣ

(ºС)

Чуқурии коштани тухмӣ

(см)

Вақти пайдоиши нешзанӣ дар майдони кушод

(рӯз)

Помидор

2,8-3,3

4-5

10-12

2-3

5-8

Боимҷон

3,5-4

5-6

14-16

1-2

10-14

Қалмфур

4,5-6

4-5

15-17

2-3

14-16

Карам

3,1-3,5

4-5

2-3

1,2

4-6

Пиёз

2,8-3,7

2-3

4-5

2-3

15-16

Бодиринг

15-35

5

14-16

2-4

5-8

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мухлати кишт

Ҷадвали 3. Мӯҳлати ба гармхонаҳо нуриандозӣ, коштан ва меъёри коштани тухмӣ

 

Зироат

Ҷои кӯчатпар

варӣ

Вилояит Хатлон

 

Меъёри коштани тухмӣ ба 1м² (г)

Меьёри нихол барои 1 га (дона)

даровардани пору кишти тухмӣ
Помидори барвақтӣ

Парвардахонаи гарм

1-10 фев

5-15 фев

2-3

45000- 47600

Қалмфур

Парвардахонаи  нимгарм

1-10 фев

 

5-20 фев

 

4-5

45000- 47600

Боимҷон

Парвардахонаи  нимгарм

1-10 фев

 

5-20 фев

 

2-3

     45000-       47600
Карами Барвакти Парвардахонаи  нимгарм

1-10 декабр

10-15 декабр

2-3

40000-42000

Гул карам Парвардахонаи  нимгарм 1-10 декабр

01-05 Январ

2-3

40000-42000

Броколи Парвардахонаи  нимгарм 1-10 декабр

01-05 Январ

            2-3

40000-42000

 

Агротехникаи кишти тухми

Тайёр кардани тухмӣ барои кишт

Барои тезонидан ва саросар неш зада баромадан тухмиро тар карда мешинонанд. Барои ин тухмии ба навъҳо ҷудо кардашударо ба ягон зарф андохта, ба он то пӯшонидани тухми об мерезанд. Муддати таркуни гуногун аст: Барои тухмии помидор – 48 соат, барои бодиринг — 12 соат.

Дар як шабонарӯз обро 2-3 маротиба иваз мекунанд, ҳарорати об бояд аз 12-15 °С кам набошад.

Пеш аз коштан тухмии таркардашударо барои хуб пош хурданаш каме мехушконанд. Барои неш занонидан тухмиро дар соя тунук паҳн мекунанд ва зимни 5% неш задан мекоранд. Тухмии таркардашудаи нешзадаро фақат дар хоки намдор коридан лозим аст.Дар шароити хозира бисёр дехконон тухмихои баланд сифати аз ширкатхои гарб тухми истехсол кунанда харид карда рост ба замин ё кассетахо дона дона карда мекоранд ,ки  натижаи  хуб дода истодаст.

                                                                                                  

Тайёр намудани кучат ва шинондан

Сабзавотҳои барвақтиро бо роҳи кучатшинони парвариш мекунанд. Барои парвариши тухми ҷойҳои махсус тайёр мекунанд. (ниг. ба расмҳо)

Ҳангоми кишти кучати 40-60 рӯз пештар аз гузаронидани кучат дар майдони кушод дар сандуқҳо, парникҳо, паноҳгоҳҳои пленкагӣ тухмиро кишт менамоянд. Мӯҳлати киштро мувофиқи имкониятҳои кишт кардан дар майдони кушод муайян менамоянд.

 

Барои тайёр намудани кучат хоки мулоими серҳосил тайёр менамоянд. Хоки парник бояд аз қимсҳои зерин иборат бошад: 2-қисм пору, 1-қисм хоки серҳосил.

 

Кишт дар сандуқ ва гармхонаҳо

Помидор бештар бо роҳи кучаткунонӣ шинонда мешавад, гоҳ-гоҳ бевосита дар хок низ шинонда мешавад. Ҳангоми кишти бевосита дар хок хароҷоти тухмӣ зиёд мешавад, аз ин рӯ чунин усул бо сабаби гаронии тухмӣ тавсия дода намешавад.

 

Сандуқҳо

 

Кишт дар сандуқ (50х35х8см)  бо хоки тайёркардашуда пур мекунанд, хуб обёрикарда дар ҷои гарм мемонанд, баъди 5-6 рӯз мумкин аст кишт бо тухмии тайёр кардашуда  гузаронида шавад. Дар болои хок мумкин аст сафолак пайдо шавад, онро шикастан лозим, ҷӯякҳои чуқуриашон 1-2 см кушода дар онҳо тухм кишт карда шуда, зери хок карда мешавад. Сандуқро метавон дар назди тиреза гузошта, баъди баромадани майсаҳо мунтазам об монда хокро мулоим кардан лозим, дар давраи 2-3 барги ҳақиқӣ баровардан метавон дар майдони кушод кишт намуд.

 

Кишт қутичаҳо (кассетаҳо)

 

Аз ҳама роҳи беҳтарини рӯёнидани ниҳолҳои зироатҳои сабзавотии барвақти ин бо роҳи дар қуттичаҳо (кассетаҳо) кишт кардани онҳо мебошад. Хоки даруни қутичаҳоро аз ду қисм хок ва як қисм поруи нағз пусида ё компости нағз тайёршуда  пур мекунанд.

Инчунин барои пур кардани қутичаҳо бо усули пешқадам мо  метавонем аз торфи (компости) ба таври саноати истеҳсолшуда истифода барем. Ин хел торфҳо хушбахтона ҳозир ба Тоҷикистон ворид карда шуда истодаанд ва дар фурӯш ёфт мешаванд. Хубии ин усул дар он мебошад, ки ниҳолҳои парваришшаванда пикировка карда намешаванд ва баъди расидани мӯҳлати кишт дар заминҳои кушод ниҳолҳои тайёршударо бевосита ба замин мегузаронанд.

Торфи тайёрро пеш аз пур кардан дар қутичаҳо дар об тар карда дар муддати 30 то 60 дақиқа барои пур кардан тайёр менамоем. Баъди тайёр шудани торф қутичаҳоро пур намуда дар ҳар қутича як донагӣ тухми мешинонем.

Тухмии сабзавотҳои барвақтиро вобаста ба ҳаҷмашон дарчуқурии 1,5-2см мешинонанд.

Баъди шинонидани тухмӣ дар қуттичаҳо (кассетаҳо) то баромадани ниҳолҳо болои онҳро бо пленка мепӯшонанд ва илова бар ин  болои пленкаро бо матоъе, ки рӯшноиро намегузаронад мепӯшонанд ё ин ки қуттиҳое, ки тухмӣ шинонда шудаанд ба ҷои торик мемонанд. Дар ҳолати риояи ҳарорати доимии хоки қуттиҳо дар 24-260С дараҷа гарми нешзадаҳо баъди 4-5 рӯз пайдо мешаванд. Агар ҳарорат аз 24-260С кам шавад ё ин ки ҳарорат тез-тез пасту баланд шавад нешзадаҳо дер пайдо мешаванд ва хавфи пусидани тухмиҳо ба амал меояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

             Реҷаи ҳарорати ҳаво ҳангоми парвариши зироатҳоисабзавотӣ, °С.

Зироат

То пайдо шудани нешзадаҳо

5-6 рӯз баъд аз баромадани нешзадаҳо

Дар оянда

Рӯзона

Шабона

Офтобӣ

Абрнок

Шабона

Карам, гулкарам, брокколӣ 16-18 8-10 6-10  16-18  14-16  8-10
Помидор 20-22 12-15 8-12  20-26  18-20  10-12
Қаламфур ва боимҷон 24-26 16-18 12-14  22-28  20-22  15-16
Бодиринг 22-24 16-18 12-14  22-28  18-20  15-16

7-10 рӯз пеш аз шинонидани кучатҳо дар майдонҳои кушод обдиҳиро қатъ кардан лозим.

Барои профилактикаи касалиҳои замбуруғи 7-10 рӯз пеш аз шинонидан дар майдонҳои кушод ниҳолҳои тайёршударо бо препарати «Ридомил-Голд» коркард карадан лозим. Ниҳолҳои тайёршудаи помидорро, ки дар қутичаҳо (кассетаҳо) тайёр шудаанд дар сини 35-45 рӯзагӣ ба майдонҳои кушод мешинонанд.

Илова кунед: