Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣФаъолият Занбурпарварӣ

Занбурпарварӣ

26.07.2023 4 681

Рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ дар соли 2023

Соҳаи занбӯрпарварӣ низ соҳаи сердаромад баҳисоб рафта тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 266,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ин давра 4697 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта миқдори оилаҳои занбӯри асал 2,8 ҳазор оила ва истеҳсоли асал 132 тонна зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки санаи 20 июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аввалин маротиба Семинар намоиши занбӯрпарварони ҷумҳурӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар зиёд аз 60 тонна асали молӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба марази намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Дар семинари мазкур зиёда аз 260 нафар занбӯрпарварони ҷумҳурӣ ва дигар олимони соҳа ва ходимони илмии институтҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.