Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣШӯроШӯрои илмӣ-техникӣ

Шӯрои илмӣ-техникӣ

26.07.2023 4 503

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Шӯро) бо мақсади иҷрои банди 10 Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

Шӯро фаъолияти худро дар шакли иҷлосия доир менамояд. Шӯро мақоми иҷлосиявӣ дошта, доир ба баррасӣ намудани дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ аз олимон, мутахассисони баландихтисос, пешқадамони истеҳсолот ва намояндагони ташкилотҳои зертобеи вазорат иборат мебошад.

Шӯро фаъолияти худро барои тезонидани раванди рушди илми кишоварзӣ, татбиқи васеи дастовардҳои илмӣ ва техникаю технологияи муосири ҷаҳонӣ, ки самаранокии маҳсулнокии меҳнатро таъмин менамояд, равона месозад.

Шӯро фаъолияти худро мувофиқи нақшаи солонаи худ бо тақсимоти кварталӣ, ки дар он масъалаҳои асосӣ дарҷ гардидаанд, иҷро менамояд.
 
ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШӮРО

Вазифаҳои асосии Шӯро аз инҳо иборат мебошанд:
- муайян намудани сиёсати илман асосноки ягонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ;
- баррасӣ намудани пешниҳодҳои муассисаҳои илмӣ истеҳсолӣ, ташкилоту ҷамъиятҳо, ташкилотҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳо доир ба самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, дар асоси таҳлили ҳолат ва ояндаи рушди илму техника;
- гузаронидани таҳлили ҳолати ҳозираи тадқиқотҳои илмӣ ва татбиқи технологияи интенсивӣ дар асоси кӯтоҳ намудани муҳлати тадқиқотҳо, пешравию мушкилотҳои муҳими тадқиқотҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ;
- баррасии тадқиқотҳои илмӣ-техникӣ ва тавсияҳо, муайян намудани роҳҳои истифодабарии дастовардҳо ва татбиқи васеъ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, муайян намудани усулҳои идоракунии иқтисодӣ бо мақсади таъмини суръати устувории тараққиёти соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ, зиёд намудани дараҷаи ҳосилнокии меҳнат, маҳсулоти кишоварзӣ.
Барои амалӣ намудани вазифаҳои асосӣ, Шӯро дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- баррасӣ намудани пешниҳод, тавсияю дастурҳо оид ба татбиқи онҳо дар истеҳсолоти кишоварзӣ, тадқиқотҳои илман асоснок ва пешниҳодҳои ихтироотӣ доир ба масъалаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ;
- таҳлили маълумотҳои пешниҳоднамудаи шуъбаҳои Шӯро, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба рафти иҷрои қарори Шӯро ва қабули чорабиниҳои иловагӣ доир ба иҷрои он;
- дар алоқамандии зич бо ташкилотҳои зертобеи вазорат, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои Шӯро;
- мусоидат намудан барои нашри монографияҳои илмии хусусияти баланди истеҳсолӣ дошта, аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳои илмӣ, ҷалби манбаъҳои ташкилотҳои байналмилалии саҳмгузор ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои зертобеи вазорат
 
ТАШКИЛИ КОРҲО
Барои иҷро намудани вазифаҳои дар Низомномаи мазкур муайянгардида шуъбаҳои Шӯро дар самтҳои зерин ташкил карда мешаванд:
- шуъбаи растанипарварӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ;
- шуъбаи чорводорӣ ва ветеринарӣ;
-  шуъбаи иқтисодиёти кишоварзӣ;
- шуъбаи механиконии кишоварзӣ.
 
Шӯро метавонад шуъбаҳои навро ташкил, шуъбаҳои амалкунандаро барҳам ва ё таҷдид намояд.
Ҳайати Шӯро бо фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ҳар як аъзои Шӯро танҳо аз номи худ овоз медиҳад, додани овози худ ба ҷои шахси дигар аъзои он иҷозат дода намешавад.
Сардорони шуъбаҳои Шӯро - муовинони вазир дар самти соҳавӣ мебошанд.
Кворуми ҷаласаи Шӯро (Президиум), ё шуъба на камтар аз 2/3 иштироки аъзоён ташкил ҳисобида мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо овози Раиси Шӯрои илмӣ-техникӣ ҳалкунанда мебошад.
Шӯро ва шуъбаҳои Шӯро метавонанд комиссияҳои экспертӣ (коршиносӣ) таъсис диҳанд. Натиҷаи ҷаласаи Шӯро ва шуъбаҳои он бо протоколҳо ва қарорҳо ба расмият дароварда мешавад.
Қарорҳои Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро, шуъбаҳои Шӯро аз тарафи сардорони шуъбаҳо ва хулосаҳои экспертии Шӯро аз ҷониби аъзоёни экспертӣ (коршиносон) таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
Қарорҳои Шӯро оиди масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба воситаи фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро тасдиқ карда мешаванд.
Масъалаҳое, ки аҳамияти умумӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ доранд дар Шӯрои асосӣ ва масъалаҳое, ки аҳамияти соҳавӣ доранд, дар шуъбаҳои дахлдори Шӯро баррасӣ мегарданд. Маводҳои иттилоотӣ ва тавсиявие, ки аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолии зерсохторҳои вазорат барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯро (шуъбаҳо) пешниҳод мегарданд, пас аз дида баромадани аъзоёни комиссияи экспертии соҳавӣ ташкилкардашуда иҷозат ба чоп ва пешниҳоди он ба хоҷагидорон, аз ҷониби Шӯро тасдиқ карда мешавад.
Ҷаласаҳои Шӯро тибқи нақша дар мавриди лозимӣ гузаронида мешаванд, аз ҷумла барои Шӯро дар муҳлати семоҳа 1 маротиба ва барои шуъбаҳои Шӯро на камтар аз 1 маротиба дар 1 моҳ. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шӯро метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатӣ даъват намояд.
Роҳбарони зерсохторҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои соҳаи кишоварзӣ вазифадоранд, ки барои иҷрои супориши Шӯро, иштирок намудани мутахассисони дахлдор чораҷӯӣ ва чорабиниҳо таҳия намуда, рафти иҷрои онро зери назорат гиранд.
Оиди масъалаҳое, ки шиносоӣ ва дида баромадани объектҳоро дар маҳал талаб менамояд, ҳайати Шӯро (шуъба) метавонад бо роҳи сайёр масъаларо дар маҳал рафта дида баромада, ба ҷаласаи Шӯро (шуъба) пешниҳод намояд.
Шӯро нақшаи кории шуъбаҳоро дида баромада, онро тасдиқ менамояд, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад, ҳисоботи фаъолияти шуъбаҳоро мешунавад, ахборотҳои роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорат, муассисаҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои соҳаи кишоварзиро оид ба иҷрои қарорҳои Шӯро ва шуъбаҳои он дар ҷаласаҳои шуъбаҳои соҳавӣ мешунавад ва хулосабарорӣ менамояд.
 
РОҲБАРИИ ШӮРО, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲО
 
Шӯроро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Раиси Шӯро мебошад, роҳбарӣ менамояд.
Иҷрои вазифаҳо ва корҳои ташкилие, ки ба Шӯро вобаста шудаанд, муовини Раис ва котиби илмии Шӯро дар вазорат ба амал меорад.
Раиси Шӯро вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- фаъолияти самараноки Шӯроро ташкил намуда, ба он роҳбарӣ менамояд, барои иҷрои вазифаҳое, ки мувофиқи Низомномаи мазкур вогузор гаштааст, масъул мебошад;
- нақшаи кории Шӯроро тасдиқ менамояд;
- ҷаласаи Шӯроро даъват менамояд.
Раиси Шӯро ҳуқуқ дорад:
- ба роҳбарони шуъбаҳо ва аъзоёни Шӯро доир ба ҳамаи масъалаҳои фаъолияти Шӯро ва шуъбаҳои он супориш диҳад;
- қарорҳои Шӯроро тасдиқ намояд;
- дар ҳолатҳои зарурӣ бо тартиби муқарраргардида қарорҳои шуъбаҳои Шӯроро аз нав дида барояд;
- аз роҳбарони ташкилотҳои зертобеи Вазорат пешниҳоду маводҳо оиди фаъолияти Шӯроро талаб намояд;
- муҳокимаи номзадҳо барои пешбарӣ ба мукофотҳои давлатӣ ва шахсӣ, унвонҳои фахрӣ ва қабули қарорҳоро аз ҷониби Шӯро ҳангоми муҳокимаи номзадҳо ба ҷоизаҳои давлатӣ пешниҳод намояд.

Муовини раиси Шӯро вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- барои иҷрои босифат ва саривақтии супоришҳои роҳбарият, инчунин барои тайёр намудани маводҳои зурурӣ, ки ба ваколати Шӯро дохил ва аз тарафи ташкилоту идораҳо пешниҳод мегарданд, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Шӯро масъул мебошад;
- оиди беҳтар намудани ташкили усулҳои кории Шӯро ва мустаҳкам намудани интизоми вазифавӣ чорабиниҳо таҳия менамояд.

Котиби Шӯро вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
-дар ҷаласаҳои фаврие, ки Раиси Шӯро баргузор менамояд, ширкат меварзад;
- гузаронидан ва баргузории ҷаласаҳо ва ташкили онро ба уҳда дорад;
- протокол ва қарорҳои Шӯроро барои таҳия ва тасдиқ ба Раиси Шӯро пешниҳод менамояд;
- дар мувофиқа бо роҳбарият барои пешбарии кори Шӯро аз таҷҳизоти техникӣ ва чопкунандаи корхона, ки барои таъмини фаъолияти Шӯро заруранд, истифода мебарад;
- дар асоси пешниҳодҳои шуъбаҳои Шӯро Нақшаи солонаи Шӯрои илмӣ-техникиро тартиб дода, онҳоро барои тасдиқ аз ҷониби Раиси Шӯро омода месозад;
- ба вазифаи котиби Шӯро шахси дорои унвони илмӣ ва мутахассиси дорои маълумоти олии кишоварзидошта таъйин карда мешавад, ки дар вазифаҳои мансабӣ на камтар аз 3 сол кору фаъолият намудааст, аз ҷониби Раёсат (бахш)-и ба илм тааллуқдошта дар якҷоягӣ бо кори асосӣ иҷро менамояд;
- тибқи супориши Раиси Шӯро котиб дигар корҳои алоқаманди пешбурди вазифаҳои Шӯроро амалӣ менамояд.
 
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  • Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани фаъолияти Шӯро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  • Шуъбаҳои Шӯро дар асоси Низомномаи мазкур метавонанд низомномаҳои шуъбаҳои худро вобаста ба самти фаъолият таҳия ва тасдиқ намоянд.
  • Ҳайати Шӯро ва сардорони шуъбаҳои Шӯро барои риояи Низомномаи мазкур ва кори самараноки Шӯро масъул мебошанд.