Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаҳои илмӣМДТ Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар

МДТ Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар

30.07.2023 4 563

МДТ Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар (собиқ совхоз-техникуми ордени Лениндори бо номи Куйбышев) яке аз муассисаҳои фаъоли таълимии соҳаи хоҷагии қишлокӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таърихи зиёда аз 86- сола ва таҷрибаи бойи корӣ дошта, дар тайёр намудани мутахассисони сатҳи миёнаи касбӣ дар давраи мавҷудияти худ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он нақши арзанда гузоштааст. 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, таҳти № 316 совхоз-техникум ба коллеҷи махсусгардонидашудаи аграрии ноҳияи Бохтар табдил дода шуд.  Моҳи августи соли 2016 бошад, муассисаи таълимӣ ба коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар)  табдил дода, аз ноҳияи Бохтар ба шаҳри Қӯрғонтеппа кӯчонида шуд.

Аз аввали фаъолият то имрӯз ин муассисаи таълимию-истеҳсолӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он аз рӯи 5 ихтисос зиёда аз 15000 нафар мутахассисони миёнаи касбии соҳаи кишоварзиро тайёр намудааст, ки онҳо дар давраҳои гуногун барои рушди ин соҳа хизмати содиқона намудаанд. Аз ҷумлаи хатмкардагони ин муассиса чандин шахсиятҳои  маъруф ба меҳнати софдилонаи худ сазовори ҳурмату эҳтиром ва унвонҳои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.

Муассисаи мазкур  ба Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мансуб буда, ҷараёни таълимӣ он таҳти назорати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Айни ҳол дар муассиса  1-доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ   ва  1-доктори илмҳои ветеринарӣ, 3  номзади илм, 2 номзади илмҳои ветринарӣ ва 2 аълочии маориф  фаъолият мекунанд. Ҳамзамон муассиса ба омӯзгорони бо таҷриба, аудиторияҳои таълимӣ, востаҳои техникии таълимӣ, лабораторияҳо, китобхона, хобгоҳ таъмин буда, барои донишҷӯён шароити хуби таҳсил муҳайё гардонида шудааст.

Коллеҷ шуруъ аз сентябри соли 2017 ба низоми нави таҳсил низоми кредети таҳсилот гузашта айниҳол дар ин самт ба дастовардҳои хуб ноил гардидааст, яъне тамоми итиҳонҳо имрӯз дар коллеҷ тавасути барномаи байналмилалии Май-Тест дар синфхонаҳои компютерӣ баргузор гардида омили инсони вуҷуд надорад. Барои ба талаботи рӯз ҷавобгу намудани меъёрҳои таълиму тарбия дар коллеҷ се маротиба таҷдиди сохтор карда шуд, ки аз шакили ананавии таҳсилот ба шакли нави таълим мубадал гардид, ки ин дастоварди беназир дар ҳаёти коллеҷ мебошад: Айниҳол сохтори кунуни дар коллеҷ фаъолият менамояд. Ҳамзамон дар коллеҷ соли 2019 5 ихтисоси нави ба талаботи замон ҷавобгу кушода шуд инҳам бошад 2-25011017-Фаъолияти тиҷоратӣ дар саноати комплекси аграрӣ, 2-430103-Таъминоти барқии соҳаи кишоварзӣ, 2-740131-Аграхимия, тухмипарварӣ ва ҳифзи растанӣ, 2-740301-Байтор, 560101-Заминсозӣ.

Факултет 

  1.     Факултети Амнияти озуқаворӣ ва иқтисоди аграрӣ

Кафедраҳо

  1. Байторӣ ва тибби байторӣ.
  2. Гуманитарӣ ва Забонҳо.
  3. Заминсозӣ ва таъминоти барқии соҳаи кишоварзӣ.
  4.  Ҳисоби  муҳосибӣ, таҳлилу назорат ва фаъолияти тиҷоратӣ
  5. Агрономӣ  

Ихтисосҳо

  1. 2-25011017-Фаъолияти тиҷоратӣ дар саноати комплекси аграрӣ.
  2. 2-740102-Аграномӣ.
  3. 2-74060101-Таъмини истифодабарии техникаи кишоварзӣ.
  4. 2-740131-Ташкили кори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ).
  5. 2-430103-Таъминоти барқии соҳаи кишоварзӣ.
  6. 2-740131-Аграхимия, тухмипарварӣ ва ҳифзи растанӣ.
  7.  2-740301-Байтор.
  8. 2-250135-Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат.
  9. 2-560101-Заминсозӣ.
  10. 2-740302-Тибби байторӣ.

Дастоварди дигари коллеҷ дар соли 2020 ин дар назди коллеҷ кушодани Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз рӯи чор ихтисос мутахассис омода менамояд, ки ҳайниҳол 75 нафар донишҷӯ дар ин шуъба ба таҳсил фарогирифта шудаанд.

  1. Системаи компютерӣ ва интернет технология
  2. Ҳисобдор (бо донистани компютер)
  3. Ҷангалбон
  4. Устоди меваю-забзавот

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи махсусгардонидашуда”-и шаҳри Бохтар муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта, мутахассисони баландпояро барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла фаъолияти аграрӣ, иқтисодӣ, технологӣ, тибби байторӣ ва техникӣ-кишоварзӣ тайёр менамояд. Коллеҷ дорои 3 бинои таълимӣ, 1 маҷлисгоҳ, 1 толори фарҳангӣ, 1 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 2 китобхона, 2 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 75 адад компютер, 5 озмоишгоҳ, 45 аудитория  бо таҷҳизотҳои муосири таълимӣ аз қабили доскаҳои электронӣ, проекторҳо муҷаҳаз гардонида шудааст.        

Коллеҷ фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои таълими , ки  барои тайёр намудани мутахасисони миёнаи касби пешбини гардидаанд амали намуда истодааст. Барномаҳои таълимии фанни барои 10-ихтисос бо шакли таълими рӯзона ва ғоибона ва модулҳои лексиони мавриди таҳлил ва азнавсози қарор дода шудаанд. Коллеҷ дар самти робитаҳои  байналмилалӣ бо донишгоҳи Генти шоҳигарии Белгия, донишгоҳи давлатии  миллии Қазоқистон ва коллеҷу донишгоҳҳои Федератсияи Россия ҳамкориҳои зич дорад. Бояд қайд намоям, ки дар асоси Лоиҳаи “Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ” дар ҳамкори бо Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия 12-нафар устодони коллеҷ барои бозомӯзии ва аз худ намудани маҳорати муосирии педагогӣ ба Донишгоҳи Гент сафар намуда курси пурраи маҳорати педагогиро аз худ намуда соҳиби сертификатҳои байналмиллали гардиданд. Дар самти иҷрои корҳои илмӣ устодони коллеҷ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.