Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣФаъолият Чорводорӣ

Чорводорӣ

11.08.2023 8 199

Рушди соҳаи чорводорӣ

Рушди соҳаи чорводорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм муассир буда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2605,6 ҳазор сар чорвои калон аз он модагов 1347,1 ҳазор сар, қутос 29,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 6610,1 ҳазор сар, асп 87 ҳазор сар, занбури асал 265,8 ҳазор оила ва 10900,9 ҳазор сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 113,3 ҳазор сар ё 4,5 фоиз, аз он модагов 578 ҳазор сар ё 4,5 фоиз, қутос 778 сар ё 2,7 фоиз, гӯсфанду буз 333,4 ҳазор сар ё 5,3 фоиз, асп 1,9 ҳазор сар ё 2,3 фоиз ва занбури асал 14,8 ҳазор оила ё 5,9 фоиз  ва саршумори паранда 963,9 ҳазор сар ё 9,7 фоиз зиёд гардидааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 175,8 ҳазор сар чорвои калон аз он модагов 51,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 1555,9 ҳазор сар, асп 23 ҳазор сар, занбӯри асал 26,2 ҳазор оила ва 7299,4 ҳазор сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, саршумори чорвои калон 2,7 ҳазор сар, аз он модагов 2,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 46,1 ҳазор сар, асп 595 сар, занбӯри асал 1058 оила ва саршумори паранда 810,3 ҳазор сар зиёд гардидааст.

Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши вазорат аз 26.01.2023, №12 ба тасвиб расида, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1 июли соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 475694 сар гӯсола ва 2358037 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯсола 9051 сар ё 1,9 фоиз  ва барраву бузғола 122096 сар  ё 5,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 26311 сар гӯсола ва 394458 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯсола 1732 сар ва барраву бузғола 30123 сар зиёд мебошад.

Мутобиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 437238 тонна хӯроки чорво (бо воҳиди хурока) захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15525 тонна ё 3,7 фоиз зиёд мебошад.

Барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон дар минтақаҳо, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва бо ин васила таъмини устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023, 51 тасдиқ гардидааст дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад.

Бо мақсади беҳтар намудани зоти чорво дар ҷумҳурӣ 297 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз ҷумла 77 адад дар бахши ҷамъиятӣ ва 220 адад дар бахши аҳолӣ мавҷуд мебошад. Аз ин миқдор 7 адад ба ВМКБ, 100 адад вилояти Суғд, 119 адад вилояти Хатлон ва 71 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ рост меояд. 

Мутобиқи маълумоти Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ ба ҳолати 01.07.2023 тавассути ин нуқтаҳо 21826 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, 17301 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 966 сар ва 1386 сар зиёд мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат ва 4 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон чорабиниҳои фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор карда шуд.