АсосӣФаъолият Тухмипарварӣ

Тухмипарварӣ

26.07.2023 1 321

Рушди соҳаи тухмипарварӣ

Рӯёнидани ҳосили фаровон аз захираи тухмии хушсифат вобастагӣ дошта, мувофиқи маълумоти оморӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳосили соли 2022, барои кишти соли 2023 ҳамагӣ 53434,4 тонна тухмии зироатҳои ғалладонагиҳо (бе ҷуворимакка) аз он гандуми тухмӣ 46710 тонна, тухмии лӯбиёгиҳо 984,4 тонна, дигар зироатҳои ғалладонагиҳо 4604,6 тонна, ҷуворимаккаи тухмӣ 1116 тонна, шолӣ 1135,5 тонна, инчунин тухмии сабзавот 55,8 тонна, тухмии картошка 70793 тонна ва чигити тухмӣ 15484 тонна захира гардида буд, ки дар мавсими кишти баҳорӣ васеъ истифода бурда шуд. Инчунин бо маблағҳои грантии ҷалбшудаи Бонки Рушди Осиё тухмии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла нахуд 54 тонна, лӯбиё 35,7 тонна, мош 71,4 тонна, наск 35,7 тонна, юнучқа 44,4 тонна ва картошкаи тухмӣ 1542 тонна харидорӣ намуда, ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шудааст.

Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”соли 2023 ба миқдори 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Лодос” 105 тонна, “Перла С” 30 тонна, “Аря” 15 тонна, 530 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гала” 400 тонна, “Кроне” 130 тонна ва 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас карда шудааст. Аз ҳисоби фонди давлатии тухмӣ ба миқдори 60 тонна тухмии зағири равғандиҳанда харидорӣ карда шуда, ба хоҷагидорони ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. Ҳамзамон барои кишти соли 2023 аз хориҷи кишвар ба миқдори 589,5 кг тухмии сабзавоти гибридии насли якум, чигити тухмии гурӯҳи элита 21,25 тонна ва 300 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита аз ҳисоби соҳибкорон ва шарикони рушд ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидааст.