Боғу токпарварӣ

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ
Дар ҷумҳурӣ майдони умумии боғу токзорҳо 201376 гектар буда, аз он токзор 39566 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.06.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 837 гектар боғ ва 117 гектар токзор бунёд намуданд, ки аз майдони умумии боғ 521 гектар ва токзор 106 гектар дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин буда, бунёд карда шудааст. Инчунин дар ин давра дар майдони 1052 гектар боғҳо ва 304 гектар токзор корҳои барқароркунӣ амалӣ карда шудааст.
Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВҶД “Тоҷикниҳолпарвар” якҷо бо иҷоракорон дар мавсими ниҳолфурӯшӣ то давраи ҳисоботӣ ба миқдори 165833 бех ниҳолҳои гуногунро ба харидорон бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.
Рӯёнидани ҳосили ба талаботи бозори истеъмолӣ ва содирот ҷавобгӯ, аз сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ вобастагӣ дошта, бо ин мақсад дар боғу токзорҳои ҷумҳурӣ дар 91334 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтон, 97911 гектар башаклдарории дарахтон, 39429 гектар яхобмонӣ ва 60552 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст, ки ин усулҳо барои кам кардани пайдошавии организмҳои зараррасон таъсири мусбии худро мерасонад.