АсосӣФаъолият Занбурпарварӣ

Занбурпарварӣ

26.07.2023 2 625

Рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар соли 2023

Соҳаи занбурпарварӣ низ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 265,8 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ин давра 605 тонна асал истеҳсол карда шудааст.

Дар доираи амалишавии барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон” 520 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 290 оилаи занбӯриасал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрока харидорӣ гардида, ба занбӯриасалпарварони инфиродии мамлакат тақсим карда шуд. Дар баробари ин аз хориҷи кишвар барои беҳтар намудани зоти занбӯриасали дар ҳудуди мамлакат парваришёбанда 800 адад модарзанбӯри бордор кардашудаи зотҳои “карпатӣва “карникӣворид гардида, дар оянда аз ҳамин ҳисоб зиёда аз 10 ҳазор оилаи занбӯриасал хушзот карда мешавад.