Механикунонии кишоварзӣ
Рушди соҳаи механикунонии кишоварзӣ
Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз мавҷуд ва омодагии техника вобастагӣ дошта, тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27731 адад тракторҳо, аз он 1472 адад тракторҳои шудгоркунанда ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки дар гузаронидани корҳои саҳроӣ васеъ истифода гардида истодааст.
Барои беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаҳои кишоварзӣ тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2023 ба ҷумҳурӣ 2726 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ворид карда шуд, ки нисбати соли 2022 773 адад зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ҷумҳурӣ 271 адад тракторҳо, 2 адад мошинҳои кӯчатшинонӣ, 145 адад ядакҳои тракторӣ, 154 адад испорҳои тракторӣ, 64 адад кулухмайдакунакҳо (фреза), 40 адад нармкунакҳо, 18 адад нурипошакҳо, 3 адад картошкаканакҳо, 20 адад картошкашинонак, 116 адад алафдаравакҳо, 15 адад тухмипошакҳои пахта (зериплёнка), 98 адад достҳо барои тракторҳои хурди дастӣ (жатка), 1 адад дискмола, 4 адад дости комбайнҳои ғалладаравӣ, 6 адад тухмипошакҳои кишти дақиқ, 4 адад ғаллатозакунакҳо, 4 адад мошини чигиттозакунӣ ва 25 адад алафҷамъкунакҳо зиёд ворид гардид.
Ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти гузаронидани кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 85 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шуда, фаъолият намуда истодаанд. Аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 60 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ дар соли ҷорӣ ба 465 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 160 адад трактори гуногунтамға ва 376 адад мошинолоти кишоварзӣ ба маблағи 45524424 сомонӣ бо тариқи иҷори молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандон, мутахассисон ва муҳандис-нозирони вилоятиву ноҳиявии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ корхонаву хоҷагиҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар соли 2023 ба 6980 нафар, ки аз курсҳои кутоҳмуддатӣ механизаторӣ гузаштанд, шаҳодатномаи “механизатор-мошинист” дода шуд.
Аз рӯи нақшаи корӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон” 12 корҳои озмоишӣ анҷом дода шуд.