АсосӣФаъолият Парандапарварӣ

Парандапарварӣ

26.07.2023 2 645

Рушди соҳаи парандапарварӣ дар соли 2023

Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.02.2018, №1511 ва №1512 соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ба муҳлати 6 сол, инчунин воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардида, тадбиқи амалии имтиёзҳои мазкур ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

Аз рӯи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” айни замон дар ҷумҳурӣ 222 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла 100 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 108 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухм ва гӯшти парандава 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чуҷаи якрӯзаватухми истеъмолӣ машғул мебошанд.