Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣЭълонҳоСанаи 14 cентябр "Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палав" доир мегардад! 

Санаи 14 cентябр "Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палав" доир мегардад! 

12.09.2023 189

Бо мақсади таъмини иҷрои баргузории ҷадвали фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи 2023, АП-318 тасдиқ гардидааст, санаи 14 сентябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангию фароғатии А.Фирдавсӣ" - и шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе "Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палав" баргузор карда мешавад.

Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон