Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣЭълонҳоЭЪЛОН ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.06.2024 940

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН

Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд:

1.     Мутахассиси пешбари Бахши Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маоши мансабӣ 1228.40 сомонӣ;

2.     Мутахассиси Бахши Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар водии Рашт маоши мансабӣ  1190 сомонӣ;

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ:

  Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар;

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис-механик), 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

   Барои ишғоли мансаби мутахассис;

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис-механик), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);

- маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ;

- нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

- маълумотнома (объективка);

- папка файли 60 варақа;

- Тавсифнома аз ҷойи кори охирон;

  Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо, на камтар аз 21 рӯз, пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун;

  Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ - 23.

  Телефонҳо барои маълумот: 233-30-85, 233-30-85.