Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣЭълонҳоБозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерин озмун эълон менамояд!

Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерин озмун эълон менамояд!

11.09.2024 102

                                                                                   Дастурамали

мансабии сармутахассиси Бозрасии назорати давлатии техникаи          кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                                                              I. Муқаррароти умумӣ.


1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;


2.  Дорои маълумоти олии муҳандисӣ;


3 . Собиқаи корӣ аз рӯиихтисос на камтар аз 2-3 сол;


4. Донистани сохтори ташкилоту корхонаҳо, хоҷагиҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ва салоҳияти онҳо;


5. Донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти Бозрасӣ;      


6. Озодона кор кардан дар компютер


7. Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ


мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.


8. Донистани забони давлатӣ ва русӣ.


                                            II.  Ӯҳдадориҳои сармутахассиси Бозрасӣ.


1.  Сарқонун  (Конститутсия),  қонунҳо  ва  дигар  санадҳои   ҳуқуқии


Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя менамояд.


2. Дар ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳои вобастанамуда, бурдани корҳои назоратӣ оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии техникаи кишоварзӣ дар доираи вазифаҳои Бозрасӣ.


3. Дар шаҳр ва  ноҳияи вобастагардида сари вақт ва босифат корҳо ба қайдгирӣ, аз қайдбарорӣ, аз нав бақайдгирӣ, гузаронидани муоинаи техникии солона, муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии тракторҳо (додани шаҳодатномаи механизаторӣ), комбайнҳо, ядаку нимядакҳо трактор  ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард, инчунин дигар корҳои назорати давлатии техникиро анҷом медиҳад ;


 3. Ҳамкорӣ ва бурдани кори ташкилию методӣ бо сармуҳандиси Раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои вобастагардида ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба онҳо вогузоргардида.


 4. Супоришҳои   сардори  Шуъба   ва  мудири Бахши  Бозрасиро вобаста ба соҳаи техникаи  кишоварзиро  иҷро менамояд.               

                                      III. Ҳуқуқҳои сармутахассиси Бозрасӣ.


1. Дар ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳои вобаста намуда, бурдани корҳои назоратӣ оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии техникаи кишоварзӣ дар доираи вазифаҳои Бозрасӣ

 


 

 2. Ҳамкорӣ ва бурдани кори ташкилию методӣ бо сармуҳандис-нозирони Раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои вобастагардида ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба онҳо вогузоргардида.


3. Баланд бардоштани малакаи тахассусӣ, маҳорат ва салоҳият аз тариқи омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар.


       


                    IV. Масъулияти сармутахассиси Бозрасӣ.


Сармутахассиси Бозрасӣ масъулиятҳои зеринро бояд иҷро намояд.


1.  Пешниҳод намудани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба кор, оид ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ.


2. Риоя намудани муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».


3.  Риоя намудани интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ.


5. Ҳангоми иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, аз тарафи роҳбарияти Бозрасӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ карда мешавад.


6. Барои дар ҳолати хуби кори нигоҳ доштани воситаҳои истеҳсолот компютерҳо, факс, ксерокопия, дар нигоҳдорӣ  ва истифодабарии шиносномаҳои техникӣ рақамҳои давлатӣ  техникаҳои кишоварзӣ  ва шаҳодатномаи механизаторӣ масъул буда, ҳангоми вайрон кардани онҳо бо сабаби хунукназарӣ ҷавобгар мебошад. 

                       


               V Хислатҳои инфиродии сармутахассиси Бозрасӣ.


 7.  Масъулиятро ҳис намудан ва мустақилона иҷро намудани корҳо.


 8. Қобилияти бо коллектив кор кардан ва дар ноҳияҳо, хоҷагиҳо, ташкилоту корхонаҳо оиди вазифаҳои Бозрасӣ корбарӣ намудан.


 9. Бо кормандони корхонаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳо, инчунин бо ҳамкорон хушмуомила ва ботамкин будан.


10. Дар корбарӣ бо маҳорат, хушрафтор, софдил, бовиҷдон ва нексиришт будан.


11. Дар иҷрои вазифаҳои бар дӯш дошта, босалоҳият, эҷодкору ташаббускор будан.


                                  VI. Муқаррароти хотимавӣ.


      Дастурамали  мансабии мазкур пас аз тасдиқ намудани сардори Бозрасӣ аз тарафи хадамоти кадрӣ ба хизматчии давлатӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад ва дар ҳолати такмили сохтор, таҷдиди воҳиди сохторӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани ӯҳдадориҳои мансабии мансаби мазкур мегарданд, дастурамали мансабӣ аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.


                                                                                         Дастурамал

мансабии мутахассиси-пешбари Бозрасии назорати давлатии техника   кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                        I.                  Муқаррароти умумӣ

 

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;


2.  Дорои маълумоти олии муҳандисӣ;


3 . Собиқаи корӣ аз рӯиихтисос на камтар аз 1-2 сол;


4. Донистани сохтори ташкилоту корхонаҳо, хоҷагиҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ва салоҳияти онҳо;


5. Донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти Бозрасӣ;      


6. Озодона кор кардан дар компютер


7. Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ


мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.


8. Донистани забони давлатӣ ва русӣ.

 

                                         II.  Ӯҳдадориҳои мутахассиси-пешбари Бозрасӣ


1.  Сарқонун  (Конститутсия),  қонунҳо  ва  дигар  санадҳои   ҳуқуқии


Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя менамояд.


      2. Дар ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳои вобастанамуда, бурдани корҳои назоратӣ оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии техникаи кишоварзӣ дар доираи вазифаҳои Бозрасӣ.


3. Дар шаҳр ва  ноҳияи вобастагардида сари вақт ва босифат корҳо ба қайдгирӣ, аз қайдбарорӣ, аз нав бақайдгирӣ, гузаронидани муоинаи техникии солона, муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии тракторҳо (додани шаҳодатномаи механизаторӣ), комбайнҳо, ядаку нимядакҳо трактор  ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард, инчунин дигар корҳои назорати давлатии техникиро анҷом медиҳад ;


 3. Ҳамкорӣ ва бурдани кори ташкилию методӣ бо сармуҳандиси Раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои вобастагардида ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба онҳо вогузоргардида.


 4. Супоришҳои  сардори Бозрасӣ, сардори  Шуъба   ва  мудири Бахши  Бозрасиро вобаста ба соҳаи техникаи  кишоварзиро  иҷро менамояд.                  


 5. Амалӣ намудани кори назорати давлатии техникӣ дар шуъбаву бахшҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва муҳандис-нозирони ноҳиявӣ, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва вокеӣ, дорандагони техникаи кишоварзӣ;


 6. Гузаронидани санҷишҳо оиди фаъолияти шуъбаву бахшҳои вилоятию минтақавӣ ва муҳандис-нозирони техникии ноҳияҳо, расонидани кӯмаки амалӣ ва методӣ ба онҳо;


 7. Ба роҳбарияти Бозрасӣ манзур намудани таклифу пешниҳодот оиди беҳтар намудани фаъолияти шуъбаву бахшҳои вилоятию минтақавӣ ва муҳандис-нозирони техникии ноҳияҳо;


 8. Тартиб додан ва такмили дустурамалҳо оид ба назорати давлатии техникаи кишоварзӣ ва фаъолияти воҳидҳои сохтории вилоятӣ, минтақавӣ ва ноҳиявии Бозрасӣ;


 9. Назорати риояи талаботи қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамалҳо дар фаъолияти воҳидҳои сохтории вилоятӣ, минтақавӣ ва ноҳиявии Бозрасӣ;


 10. Тайёр намудани ахборот ва маълумотҳои фаврӣ оид ба истифодабарии самараноки техникаи кишоварзӣ дар мавсими ҷамъоварии зироатҳо дар секторҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ;


 11. Тартиб додани санад-огоҳинома ва таъин намудани ҷарима ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба вайрон намудани қоидаи истифодабарӣ, хизматрасонии техникӣ, таъмиру нигоҳдорӣ ва аз ҳисоб баровардани техникаи кишоварзӣ роҳ додаанд.


                                                  III. Ҳуқуқҳои мутахассиси-пешбари Бозрасӣ.

 

1. Дар ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳои вобаста намуда, бурдани корҳои назоратӣ оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии техникаи кишоварзӣ дар доираи вазифаҳои Бозрасӣ.

 

 2. Ҳамкорӣ ва бурдани кори ташкилию методӣ бо сармуҳандис-нозирони Раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои вобастагардида ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба онҳо вогузоргардида.


3. Баланд бардоштани малакаи тахассусӣ, маҳорат ва салоҳият аз тариқи омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар

     

                                     IV. Масъулияти мутахассиси-пешбари Бозрасӣ


Мутахассиси-пешбари Бозрасӣ масъулиятҳои зеринро бояд иҷро намояд.


1.  Пешниҳод намудани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба кор, оид ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ.


2. Риоя намудани муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».


3.  Риоя намудани интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ.


5. Ҳангоми иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, аз тарафи роҳбарияти Бозрасӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ карда мешавад.


6. Барои дар ҳолати хуби кори нигоҳ доштани воситаҳои истеҳсолот компютерҳо, факс, ксерокопия, дар нигоҳдорӣ  ва истифодабарии шиносномаҳои техникӣ рақамҳои давлатӣ  техникаҳои кишоварзӣ  ва шаҳодатномаи механизаторӣ масъул буда, ҳангоми вайрон кардани онҳо бо сабаби хунукназарӣ ҷавобгар мебошад. 

                                 V Хислатҳои инфиродии мутахассиси-пешбари Бозрасӣ.


7.  Масъулиятро ҳис намудан ва мустақилона иҷро намудани корҳо.


 8. Қобилияти бо коллектив кор кардан ва дар ноҳияҳо, хоҷагиҳо, ташкилоту корхонаҳо оиди вазифаҳои Бозрасӣ корбарӣ намудан.


 9. Бо кормандони корхонаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳо, инчунин бо ҳамкорон хушмуомила ва ботамкин будан.


10. Дар корбарӣ бомаҳорат, хушрафтор, софдил, бовиҷдон ва нексиришт будан.


11. Дар иҷрои вазифаҳои бар дӯш дошта, босалоҳият, эҷодкору ташаббускор будан.


                                                       VI. Муқаррароти хотимавӣ.

 

      Дастурамали  мансабии мазкур пас аз тасдиқ намудани сардори Бозрасӣ аз тарафи хадамоти кадрӣ ба хизматчии давлатӣ ва ҳайати техники дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад ва дар ҳолати такмили сохтор, таҷдиди воҳиди сохторӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани ӯҳдадориҳои мансабии мансаби мазкур мегарданд, дастурамали мансабӣ аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад

Саволҳо барои озмуни БНТК   

 

1.Савол: Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр дода шавад.


2.Савол: Рамзҳои давлатии Тоҷикистон номбар карда шавад.


3.Савол: Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом сол таъсис дода шудааст?



4.Савол: Низомномаи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба қабул шудааст.


5.Савол: Хизмати давлатӣ чист?


6.Савол: Фаъолияти Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ  ба роҳ монда шудааст?


7.Савол:  Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд.?


8.Савол: Се шохаи асосии ҳокимияти давлатиро номбар кунед?


9.Савол: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси кадом принсипҳо амалӣ мегардад.


10.Савол:  Моддаи 262. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро шарҳ диҳед ?


11.Савол:  Мафҳуми “терроризм  ва амалӣ террорестиӣ  шарҳ дода шавад.


12. Савол: Кай ва бо кадом роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудааст?


13.Савол:Дар  бораи Консепсияи  сиёсати даавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод намоед?


14.  Савол:Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад.?


16.Савол: Дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ муоинаи ҳатмии давлатии солонаи техникаи кишоварзӣ гузаронида мешавад?


17.Савол:Тартиби қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагии «механизатор-мошинист» дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад?


18.Савол: Тартиби ба қайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгард ва ядаку нимядакҳои тракториро кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим медарорад?


19.Савол: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» чанд бор қабул шудааст?


20.Савол: Парламенти касби чи маъно дорад?


21. Савол: Синни ниҳои дар хизмати давлатӣ.?


22.САВОЛ: Муоширати хизматчии давлатӣ бояд чӣ гуна бошад?


23.САВОЛ: Шахси мансабдор кист?


24.САВОЛ: Роҳбар кист?


25.САВОЛ: Зери мафҳуми ҷаласаи корӣ чиро мефаҳмед?


26.САВОЛ: Зери мафҳуми вазифа чиро мефаҳмед?


27.САВОЛ: Вакансия чист?


28.САВОЛ: Хизматчии давлатӣ дар давоми сол ба ғайр аз рухсатии расмии пардохтшаванда боз чӣ гуна ба рухсатиҳо баромада метавонад?


29.САВОЛ: Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз кадом унсурҳо иборат мебошад?



30.САВОЛ: Оё хизматчии давлатӣҳуқуқ ба тиҷорат машғул шудан дорад?


31.САВОЛ:Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар кадом асос гузаронида мешавад ва аз аттестатсияи навбатӣ гузараштани хизматчиёни давлатӣ дар кадом мӯҳлат муқаррар карда шудааст?