Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣЭълонҳоСанаи 29 январ Иди "Сада ва баргузори намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ" доир мегардад!

Санаи 29 январ Иди "Сада ва баргузори намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ" доир мегардад!

28.01.2023 232

Бо мақсади таъмини иҷрои баргузории ҷадвали фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи 2023, АП-318 тасдиқ гардидааст, санаи 29 январи соли 2023 дар Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангию фароғатии А.Фирдавсӣ" - и шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди "Сада ва баргузори намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор карда мешавад.
Тибқи нақша - чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар "Сада ва баргузори намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ", афрухтани гулханҳо, намоиши техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ,қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дарназар аст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон