Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣЭълонҳоПагоҳ дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои Ашт, Нуробод ва Кӯшониён доир мегардад

Пагоҳ дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои Ашт, Нуробод ва Кӯшониён доир мегардад

21.07.2023 269

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияҳо доир мегардад. Намоиши ноҳияи Ашт дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон», намоиши ноҳияи Нуробод дар Боғи Кӯдакон ва намоиши ноҳияи Кӯшониён дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи 25-30 фоиз арзонтар пешниҳод мешавад. Аз ҷумла 1 кг картошка бо нархи аз 4 то 4,50 сомонӣ, пиёз аз 1,80 то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гӯшти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, тарбуз 10-12 сомонӣ, равғани растанӣ (5 литр) — 65 сомонӣ, орд (50 кг) — 210 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.