Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоОғози кишти пахта дар ҷумҳурӣ

Оғози кишти пахта дар ҷумҳурӣ

25.02.2020

Тоҷикистони мо асосан кишвари аграрист
ва зиндагиву рўзгори мардуми он аз
бисёр ҷиҳат ба соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Пахта яке аз маҳсулоти содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст.

25 феврали соли ҷорӣ дар 25 гектар замини ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти «Нури Вахш», «Деҳқонобод» ва «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯсти кишти пунбадона дар зери плёнка шурӯъ гардид. Дар оғози кишти пунбадона муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, Раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Мувофиқи нақша дар ноҳияи Дӯстӣ имсол дар 7 ҳазору 74 га кишти чигит гузаронида мешавад. Аз ҷумла, аз тарафи ширкати «Ҷунтай Хатлон Син-Силу» дар беш аз 2 ҳазор га кишти зери плёнка дар назар аст.

Зимни боздид аз ҷараёни кишти пунбадона масъулини ширкати «Ҷунтай Хатлон Син - Силу» ба муовини Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки имсол аз навъи тухмии «Синзиян-39» истифода намуданд, зеро ин навъи тухмӣ ба шароити иқлим ва хоки мавзеи Гароутии ноҳияи Дӯстӣ мувофиқ мебошад. Инчунин 14 адад тухмипошакҳо омодаи кор буда, дар як рўз дар 9-10 га пунбадона кишт мекунанд. Ширкати мазкур иброз дошт, ки беш аз ҳазор тонна тухмии хушсифати навъи «Ҷиликӯл»-ро захира дошта, барои кишти ин навъи тухмӣ бо хоҷагиҳои пахтакори ҳудуди вилояти Хатлон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонад.

Зимни сафари корӣ масъулин дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дўстӣ кишти пунбадонаро дар майдони 14 га оғоз намуданд. Инчунин аз ду мавзеи кишти сабзавоти барвақтӣ ки дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эшбек Сатторови ноҳияи Дўстӣ ва аз кишти пиёз, картошка, ва сабзавоти барвақтии ноҳияи Ҷайҳун, ки корҳои саҳрои дар он бо маром идома дошт дидан намуда, ба масъулин тавсияҳои судманд доданд.

Ҳамчунин дар ҶДММ “Водии Заррин”-и ноҳияи Ҷайҳун кишти пунбадонаи зери плёнкаро оғоз намуда, барои дар мўҳлати муайянгардида ва дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ, бахусус коркарди байни қаторҳо, обу ғизодиҳӣ ва сари вақт пешгири намудан аз ҳаргуна касаливу ҳашаротҳои зараррасони зироатҳо ба кишоварзон ва иштирокдорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз оғози кишт аз ҳолати гармхонаҳои лимўпарварӣ, ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва изофа намудани оби зарурӣ барои пойгоҳҳои обрасон дидан намуданд. Зеро дар он мавзеъ қисме аз заминҳо бо оби техникӣ таъмин карда шуда, масъулин пойгоҳҳои обкаширо борои корҳои мавсимии заминҳои кишоварзӣ ва бо об таъмин намудани аҳолӣ омода намуда истодаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот
тел: 235-38-63 Сомона: www.moa.tj.