ҶОНИБДОРӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

04.05.2020
Ҳайати кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 50- фоизи маоши якмоҳаи худро ҳамчун дастгирӣ ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии Covid- 19 мегузаронанд.
Илова ба он роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар ин давраи ҳассос дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саҳми арзандаи хешро мегузорад.