Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ГУРӮҲҲОИ КОРИРО БАРОИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ТАЪСИС ДОД

ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ГУРӮҲҲОИ КОРИРО БАРОИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ТАЪСИС ДОД

04.05.2020

Вобаста ба пешгирии бемории коронавируси COVID-19 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар минтақаи №116-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз гардиданд.

Ин иқдом аз санаи 02.05.2020 оғоз гардида, гурӯҳҳо аз 4 маҳалла, кўчаҳои “Зарафшон”, “Испечак”, «Бобо Ҳамдам» ва “Н.Махсум” дидан менамоянд, ки дар онҳо зиёда аз 201 биною иншоот, аз ҷумла 7212 ҳуҷраи истиқоматӣ мавҷуд мебошад.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, усулҳои пешгирии бемории коронавирус, таъмин намудани  маводҳои таблиғотӣ амали карда мешаванд.

Вазорат корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ идома хоҳад дод.