Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоКИШТИ КАРТОШКА ДАР ҶУМҲУРӢ 60, 0 % ИҶРО ГАРДИД

КИШТИ КАРТОШКА ДАР ҶУМҲУРӢ 60, 0 % ИҶРО ГАРДИД

11.05.2020

Ба маълумоти сокинони мамлакат расонида мешавад, ки ба ҳолати 12.05.2020с.  дар ҷумҳурӣ 23527 га кишти картошка амалӣ гардидааст, ки 60,0 % -и нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти охирини Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти кишти картошка дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, то ба имрӯз ВМКБ 25,7 %, Суғд 52,3 %, Хатлон 98,0 %, НТҶ 58,2 % -и дурнаморо иҷро намуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соли 2019 дар ҳамин давра иҷрои нақшаи дурнамои кишти картошка 50 % - ро ташкил медод, ки он дар майдони 16879 га кишт гардида буд. 

Доир ба рафти кишти картошка дар ҷумҳурӣ бо расидани тозатарин маълумот Шуморо огоҳ месозем.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон