Конститутсия – санади тақдирсоз
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсия, ин санади беназири олии ҳуқуқиро дар таҳкиму тақвияти давлати миллӣ таъкид намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки: «Агар ба даст овардани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он ки бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидааст, хусусияти миллӣ дорад ва дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд.
Мардуми сарбаланди кишвар дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки бо қабул гардидани Конститутсия халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид ва дар кишвари мо кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар карда шуд.
Тавассути ин дастоварди олӣ миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳо кӯшиш менамояд ва рушди давлати миллии хешро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои тақвияти он аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебарад.
Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.
Бархӯрди тамаддунҳо, омезиши фарҳангҳо ва вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризояти шаҳрвандӣ, сулҳу суббот ва оромӣ дар ҷомеъа мебошад. Бисту ҳафт сол муқаддам, бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳастанд, Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Дастовардҳое, ки давоми солҳои амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати тозабунёди мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва сиёсати оламгири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва орияти ватандӯстии халқи шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин санади тақдирсоз-шаҳодатномаи бақо ва ҳастии давлат, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта буда, баёнгари бунёди давлати ҳуқуқии соҳибистиқлоли тоҷикон, ормонҳои давлатдорӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад. Дар асоси он сокинони Тоҷикистон сарнавишти худро муайян намуда, ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона асос гузоштанд ва он имрӯз баҳри ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналхалқї нақши хосаеро доро мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар эълон намуда, дар айни замон, ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули бонизоми давлати навини тоҷикон, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро аз ҷумлаи мақсадҳои асосии конститутсионӣ эътироф кардааст.
Моҳият ва аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун нерӯи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро мустаҳкам намуда, уҳдадориҳои давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар кардааст.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар муддати зиёда аз ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид.
Моро, ки меваҳои шаҳдбори ин давлати тозабунёд мебошем зарур аст, ки Конститутсия – ин неъмати бебаҳои худододиро бо ивази ҷону тани худ ҳифз намоем.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот