Гузориши матбуотӣ 29 10 2021
Ҷамъоварии ҳосили пахта
Дар асоси маълумоти омории Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ба ҳолати 29.10.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 173945 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.
Аз майдони киштшуда аз аввали мавсим 350397 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 11147 тоннаи он бо мошини пахтачинӣ чида шуда, ҷамъоварии пахта нисбати соли 2020 - 24798 тонна зиёд мебошад.
Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 аз аввали мавсим га 279588 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 га 133838 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007 га 6085 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо
Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 307568 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 29.10.2021 майдони 300580 гектар даравида ва майдони 300231 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8883 га зиёд мебошад.
Ҳосили умумӣ ба миқдори 917969 тонна расонида шуд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 29387 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз як га 30,6 сентнерӣ мебошад.
Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо аз 1086 адад комбайнҳои ғалладаравӣ (901 адад омодаи кор) 0 адад комбайнҳо иштирок намуданд.
Ҷамъоварии ҳосили гандум
Мувофиќи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба њолати 29.10.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 213087 га кишти гандум гузаронида, майдони 213087 га даравида, майдони 213087 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8124 га зиёд мебошад.
Ҳосили умумӣ ба миқдори 685742 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48414 тонна зиёд мебошад.
Ҷамъоварии сабзавот
Ба ҳолати 29.10.2021 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 40142,9 га сабзавот кишт шуда , аз он майдони 39507,6 га ҷамъоварӣ карда шуд.
Ҳосили умумӣ 1190296 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 87327 тонна зиёд аст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 302,9 сентнерро ташкил медиҳад.
Аз он ҷумла, пиёз 572314 тонна, карам 40776 тонна, помидор 238649 тонна, бодиринг 105993 тонна, сабзӣ 113467 тонна ва 119097 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.
Ҷамъоварии ҳосили картошка
Тибқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 29.10.2021 дар майдони 34182 га кишти картошка гузаронида шуда, 29953 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 932,7 га зиёд мебошад.
Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 650999 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104590,0 тонна зиёд мебошад.
Дар вилояти Суғд аз майдони кишти 16548,4 га 12397 тонна, вилояти Хатлон аз майдони кишти 6091 га 6091 тонна, ВМКБ аз майдони кишти 1361 га 1264 тонна ва НТҶ бошад аз майдони кишти 10181,6 га 9901 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.
Ҷамъоврии полизиҳо
Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат то санаи 29.10.2021 соли ҷорӣ дар майдони 19090,9 га кишти полизиҳо гузаронида шуда, майдони 19006,8 га ҷамъоварӣ шудааст.
Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 139002 тонна, вилояти Хатлон 386619 тонна, НТҶ ба миқдори 12859,3 тонна ва ВМКБ 150 тонна полизӣ ҷамъоварӣ намудаанд.
Ҷамъоварии меваю ангур
Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 29.10.2021 ба миқдори 185549 тонна мева ва 121136 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз ба миқдори 92500 тонна мева ва 29335 тонна ангур, вилояти Суғд 57314 тонна мева ва 40503 тонна ангур, НТҶ ба миқдори 30082 тонна мева ва 51299 тонна ангур ва ВМКБ ба миқдори 5653 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.
Рафти кишти тирамоњї ва барваќтии зироатњои кишоварзї
Дар асоси малумотњои Раёсати растанипарварии вазорат ба њолати 29.10.2021 дурнамои кишти мазкур дар ҷумҳурӣ 182486 гектарро дар бар гирифта, аз он майдони 75938 гектар кишт гузаронида шуда, 12% иљрои дурнамо мебошад. Нисбат ба њамин давраи соли гузашта 2403 га зиёд мебошад.
Аз он дурнамои ѓалладонагињо њамагї 160431 гектар майдони кишт буда, 48877 гектар майдон ва 27% иљрои дурнамо буда, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 1567 гектар майдони кишт зиёд аст, ки аз он 35374 гектар гандум ва 3970 гектар љав мебошад.
Вилояти Хатлон майдони кишти дурнамо 311333 гектар,35407 гектар иљро шуда, 11 % , вилояти Суғд майдони кишти гектар 208784 буда, 26432 иљрои дурнамо, 13% ва НТҶ майдони кишти дурнамо 90075 га, 12245 гектар иљро шуда ва 14% таъмини дурнамо мебошад.
Захираи хўроки чорво
Бо маќсади омодагї ва муташаккилона гузаронидани давраи зимистони солњои 2021-2022 дар хољагињои љамоавї ва дењќонии љумњурї мувофиќи маълумоти Раёсати чорводорї, парандапарварї, моњипарварї ва занбўриасалпарварии вазорат ба њолати 29.10.2021 -2089585 тонна хўроки дурушт ва 109295 тонна хўроки ширадор захира карда шудааст ки нисбати њамин давраи соли гузашта хўроки дурушт 120263 тонна ва ширадор 100 тонна зиёд мебошад.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тел: 235-39-23